Monday, March 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНаврасони тоҷик ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтанд

Наврасони тоҷик ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтанд

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар Мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н» мақоми аввалро касб карда, ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Дар даври ниҳоии  марҳилаи интихобӣ наврасони тоҷик бар ҳамсолони худ аз Афғонистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Голҳои Беҳрӯз Хуҷаев ва Диловари Ҷамшедзода ба дастаи Тоҷикистон се имтиёз оварданд.

Гуфтанист ҳамроҳ бо дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи мунтахаби Афғонистон низ аз гурӯҳи “H” ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular