Monday, March 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМузди миёна дар Тоҷикистон ба 1711 сомонӣ баробар шудааст

Музди миёна дар Тоҷикистон ба 1711 сомонӣ баробар шудааст

Вазорати меҳнати кишвар иттилоъ додааст, ки то 1 августи соли 2022 музди миёнаи меҳнат дар кишвар ба 1711,3 сомонӣ баробар шудааст

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар гузориши ахири худ хабар додааст, ки аз соли 1995 то ба 1 августи соли 2022 дар ҷумҳурӣ музди миёнаи меҳнат аз 92 дирам  ба 1711,3 сомонӣ баробар шуда, 18 маротиба маоши вазифавии кормандони буҷетӣ зиёд карда шуд.

Ҳамзамон вазорати меҳнат хабар додааст, ки ба ҳолати 1 августи соли 2022 нисбат ба соли 2000 музди миёнаи меҳнат дар ВМКБ 123,8 маротиба, вилояти Хатлон 130 маротиба, вилояти Суғд 119,3 маротиба, шаҳри Душанбе 80,1 маротиба ва ШНТҶ 57,8 маротиба зиёд гардид.

Зикр шудааст, ки агар дар соли 1998 андозаи ҳадди ақали музди меҳнат 1 сомониро ташкил дода бошад, айни замон андозаи он ба 600 сомонӣ расид.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular