Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҶанги Укроин: Афзоиши ҳушдорҳои амниятии НАТО ва тундтар шудани лаҳни G7 алайҳи...

Ҷанги Укроин: Афзоиши ҳушдорҳои амниятии НАТО ва тундтар шудани лаҳни G7 алайҳи Русия

Ҳамзамон бо афзоиши ҳамалоти мушакӣ ва паҳподии Русия ба дохили хоки Укроин ва ба вижа Киев, пойтахт, паймони Атлантики шимолӣ ба аъзояш ҳушдор дод барои ҳамалоти эҳтимолӣ алайҳи зерсохтҳояшон омода бошанд. 

Русия дар ду рӯзи гузашта ҳамалоти густурдаеро алайҳи аҳдофи умдатани ғайри низомӣ дар дохили хоки Укроин ва ба дур аз ҷабҳаҳои ҷанг дар шарқу ҷануб анҷом додааст. Ин ҳамалот дасти кам 19 кушта ва беш аз 100 захмӣ бар ҷо гузоштааст. 

Ҳамзамон бо ин ҳамалот, Русия лаҳни худ алайҳи ҳампаймонони ғарбии Укроинро боло бурдааст. Дар пайи афзоиши таҳдидҳои Маскав ва ҳушдори НАТО, Фаронса шумори низомиёни худ дар хоки Руминияро афзоиш дод ва захираи муҳиммотро дар пойгоҳҳои дохилӣ боло бурд. 

Рӯзи сешанбе ва ҳамзамон бо ҳушдори НАТО, иҷлоси гурӯҳи 7 кишвари санъатии (G7) ҳам бо ҳузури Владимир Зеленский баргузор шуд. Раҳбарони ин Созмони байналмилалӣ дар баёнияи поёнии худ бо шадидан маҳкум кардани афзоиши ҳамалоти Русия ба марокизи ғайринизомии Укроин, хостори посуъ ба амалкарди Владимир Путин дар ҷанги Укроин шуданд. Ин баёния ҳамчунин сарбозгирии артиши Русия аз миёни нерӯҳои захира ва таҳдидҳои ҳастаии раҳбарони Кремлро хатаре барои сулҳ ва амнияти байналмилалӣ тавсиф кард. 

Владимир Путин ва Дмитрий Медведов дар ҳафтаҳои ахир борҳо ба рух кашидани қудрати ҳастаии Русия, ғарбро ба истифода аз ин гуна таслиҳот таҳдид карданд. Ҷо Байден, раисҷумҳурии Иёлоти муттаҳидаи Амрико ҳафтаи пеш ин таҳдидотро ҷиддӣ тавсиф кард. 

Раҳбарони кишварҳои гурӯҳи 7 ҳамчунин Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорусро “шарик”-и ҷурми Русия хонда ва таҳдид карданд ҳамроҳ бо афзоиши таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Маскав, муҷозотҳо ва маҳдудиятҳои молии тиҷорӣ бар зидди Минск вазъ хоҳанд кард. Раисҷумҳурии Белорус аз сафороии ҷангии нерӯҳои мусаллаҳ ва ташкили воҳиди дифоъии муштарак бо Русия хабар дода буд. 

Илова бар таҳдидҳои ҷангии ахир, Белорус аз замони оғози ҳамлаи низомии Русия ба Укроин хоки худро барои амалиёт дар шимоли Укроин, дар ихтиёри Русия қарор дода буд. Раҳбарони G7 аз Минск хостанд то ба ин кор фавран поён диҳад. 

Артиши Укроин аз охирҳои моҳи май аз мавқеъи дифоъӣ хориҷ шуд ва амалиёти таҳоҷуми густурдаеро ибтидо дар ҷабҳаҳои ҷануб ва ба вижа дар Херсон оғоз кард ва пас аз ақиб рондани нерӯҳои Русия аз бархе манотиқи ҷанубӣ, зиддҳамалоти қудратманд дар ҷабҳаи шарқро оғоз кард. Дар ҳафтаҳои ахир ва ба вижа пас аз замима кардани чаҳор минтақаи ишғолии Укроин ба хоки Русия, нерӯҳои мусаллаҳи Укроин манотиқи густурдае аз ҳамин устонҳои илҳоқиро бозпас гирифтанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular