Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТемур Раҳимов барои медали биринҷӣ мубориза мекунад

Темур Раҳимов барои медали биринҷӣ мубориза мекунад

Дар даври нимниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо дар Тошканд варзишгари тоҷик  Темур Раҳимов аз намояндаи Ҷопон Сайто Татсуро мағлуб шуд. Ӯ акнун барои дарёфти медили биринҷӣ талош хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки дар даври аввал Темур Раҳимов озод буд ва дар даври дуюм  намояндаи Словакия Мариус Физелро мағлуб кард.

Дар даври сеюм Темур Раҳимов ҳанӯз дар сонияҳои аввали рақобат бо имтиёзи иппон дзюдочии фаронсавӣ Жосеф Терҳекро шикаст дод.

Темур дар даври чаҳорякниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар Тошканд бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ  Минйонг Кими пирӯз шуда, ба даври нимфинал роҳ ёфт.

Барои дарёфти медали биринҷӣ варзишгари тоҷик бо намояндаи Гурҷистон Гурам Тушишвили қувваозмоӣ мекунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular