Monday, March 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМеваҳои Эмомалӣ Раҳмонро ба ятимхонаи Петербург тақсим карданд

Меваҳои Эмомалӣ Раҳмонро ба ятимхонаи Петербург тақсим карданд

Меваҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 7 октябр дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ дар Санкт-Петербург барои Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳадя бурда буд, ба ятимхонаҳои пойтахти шимолии Русия .

Тавре дафтари матбуотии дастгоҳи иҷроияи президенти Федератсияи Русия иттилоъ додааст, “ин сюрпризи Эмомалӣ Раҳмон ба Путинро дар 6 мошини боркаш бор карда, ба ятимхонаҳо тақсим кардаанд.”

Гуфтанист, рузи чумъаи гузашта, рӯзи 7 октябр дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ  тамоми гирду атрофи қасри Константиновскии шарҳри Санкт Петербург бо меваҳо оро дода шуда буд. Аз харбузаву тарбуз пирамидаҳо сохта буданд. 

Ягона дастовард, кашфиёт, ва намои тараққиёти Тоҷикистон дар 30 соли ҳукуматдории Эмомалӣ Раҳмон ҳамин пирамидаҳои мевагӣ дониста шудаанд. Дар сафарҳои раисҷумҳурони кишварҳо ба Тоҷикистон ба ҷои нишон додани фановариҳо ва пешрафти илму техника, Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба меҳмонон ҳамин пирамидаҳои мевагиро тамошо медиҳад. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular