Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳоХиёнати навбатии ҳукумат ё “бизнес”-и нави КДАМ?

Хиёнати навбатии ҳукумат ё “бизнес”-и нави КДАМ?

Дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Кумитаи давлатии амнияти миллӣ “шикор”-и собиқ аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва тарафдорони онро ба роҳ мондааст.

Тибқи иттилои манбаъи Паём.нет давоми ҳафтаи охир ҳади ақал 25 аъзо ё тарафдори собиқи ҳизб аз тарафи КДАМ боздошт шудаанд. Бархе аз онҳо беш аз як шабонарӯз нигаҳдорӣ ва шадидан латукӯб шудаанд.  

Аксари онҳо танҳо баъди пардохти маблағи ҳангуфт озод шудаанд. “Айб”-е ки кормандони шӯъбаи КДАМ дар вилояти Суғд ба бахшҳои он дар шаҳри Хуҷанду ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба онҳо гузоштаанд, узвияти қаблиашон дар ҲНИТ ё ширкат дар маъракаҳои он будааст.   

Баъзе аз боздоштшудагоне, ки наздиконашон дар Русия қарор доштаанд, ба ин муттаҳам шудаанд, ки гӯё он наздиконашон дар тазоҳуроти Варшава ширкат кардаанд. Дар ҳоле, ки ҳеҷ далеле пешниҳод нашудааст. ин иттиҳом ба онҳо бор карда шуда, маблағҳои ҳангуфте рӯёнида шудааст.

Қаблан мақомоти кишвар эълон карда буданд, ки баъди баста шудани ҲНИТ ҳар касе дар фаъолияти он ширкат накард, гунаҳкор ҳисобида намешавад. Аммо мисли ҳамеша ба ин ваъдаашон ҳам хиёнат карда, ба “шикор”-и наҳзатиҳои собиқ оғоз кардаанд. То ҳол маълум нест ин кор бо амори ҳукумати кишвар сурат мегирад, ё КДАМ роҳи навбатии пулкоркуниро кашф кардааст.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика