Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфтааст бетартибиҳои хиёбонӣ дар ин кишвар вокуниши душман дар муқобили “ҳаракатҳои бузурги ахири миллат”-и ин кишвар мебошад.
Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дирӯз дар дидор бо аъзои Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низоми ин кишвар изҳор дошт: бетартибиҳои хиёбонӣ вокуниши инфиолии душман дар муқобили ҳаракатҳои бузурги ахири миллати Эрон аст.
Хоманаӣ бо ишора ба маросимҳое монанди роҳпаймоии арбаъин ва ғайра ҳамчунин гуфт: миллати Эрон дар фосилаи кӯтоҳ, чандто ҳаракати бузург анҷом додааст. Ин ҳаракатҳои бузург дуруст саду ҳаштод дараҷа нуқтаи муқобили сиёсатҳои истикбори ҷаҳонӣ аст.
Вай ширкаткунандагон дар эътирозоти ахир дар Эронро ба ду даста “омили душман” ва “ҳамҷиҳат бо душман” тақсим кар️д ва гуфт: ҳукми инҳое, ки меоянд дар хиёбон яксон нест, баъзе ё омили душмананд ё ҳамҷиҳат бо душмананд ва бо ҳамон аҳдоф меоянд дар хиёбон.
Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон идома дод: ҳоло касе бигӯяд, ки оқо фазоро амниятӣ накунед. Бале, то онҷое, ки мумкин аст фазои кишвар набояд амниятӣ бишавад, аммо корӣ фарҳангӣ дар ҷойи худаш ва кори ғайрифарҳангӣ ҳам боисте анҷом бигирад. Ба инҳо таваҷҷуҳ бикунед.
Ӯ дар поёни хитоб ба ҳозирини ин нишаст гуфт: муроқиб бошед ҳавосатон бо ин чизҳо ва ҳаводисе мисли бетартибиҳои ахир парт нашавад ва аз корҳои аслӣ намонед. Яке аз ин аҳдофи душман ҳамин аст, ки ҳавоси масъулин ва мудирон ва муваззафини корҳои асосиро парт кунанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

