Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМаҷмаъаи умумии СММ ҳамапурсӣ дар манотиқи ишғолшудаи Укроинро ғайриқонунӣ донист

Маҷмаъаи умумии СММ ҳамапурсӣ дар манотиқи ишғолшудаи Укроинро ғайриқонунӣ донист

Ба гузориши веб-сайти Созмони милал, Маҷмаъаи умумии Созмони милал қатъномаеро тасвиб кард, ки дар он иқдомоти Русия барои созмондиҳии ҳамапурсӣ дар “Ҷумҳуриҳои халқии” Донетск ва Луганск, минтақаҳои Запороже ва Херсон маҳкум шуд. 

Ин қатънома мавриди ҳимояти 143 кишвар аз 193 кишвари узви Созмони милали муттаҳид қарор гирифт. 35 кишвар, аз ҷумла Чин, Ҳинд ва Арманистон аз раъй додан худдорӣ карданд. Панҷ кишвар — Белорус, Кореяи шимолӣ, Никарагуа, Сурия ва Русия раъйи манфӣ доданд. 

Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон аз раъй додан худдорӣ карданд. Туркманистон ширкат накард. 

Ин қатънома ҳамапурсии баргузоршуда дар манотиқи Донетск, Луганск, Запороже ва Херсонро ғайриқонунӣ медонад. 

Ин ҳамапурсӣ, ҳамон тавр, ки аз матн қатънома бар меояд, наметавонад асос барои тағйири вазъияти ин сарзаминҳо аз ҷумла вуруди онҳо ба Русия бошад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular