Saturday, March 21, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМақомоти Суғд аз афзоиши дубаробарии содирот хабар доданд

Мақомоти Суғд аз афзоиши дубаробарии содирот хабар доданд

Дар нӯҳ моҳи соли равон содироти маҳсулот аз вилояти Суғд  ба хориҷи кишвар 1,9 баробар афзоиш ёфтааст

Тавре дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, ҳаҷми умумии гардиши савдо дар 9 моҳи соли равон ба 11 млрд 218 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 3027,8 млн. сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мутаносибан 4,7 ва 10 фоизро ташкил додааст.

Тибқи иттилои манбаъ ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 ба 2 млрду 300 миллиону 100 ҳазор доллар расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43,1 фоиз таъмин гардидааст.

Ҳаҷми воридот 1507,4 млн. долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 313,9 млн. доллар ё 26,4 фоиз афзудааст.

Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 792,7 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 378 млн. доллар ё 1,9 баробар зиёд мебошад.

Ҳамзамон мақомоти вилояти Суғд хабар додааст, ки дар давраи ҳисоботӣ ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 171,75 млн. доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 18,4 фоиз таъмин гардидааст.

Аз ҷумла, ба маблағи 153,15 млн. доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 18,6 млн. доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона карда шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular