Monday, March 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетПутин: ҳуҷҷату харитаҳои дар Маскав бударо мебардорем, то баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистонро...

Путин: ҳуҷҷату харитаҳои дар Маскав бударо мебардорем, то баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистонро ҳал кунем

Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон аз шарҳи натоиҷи нишасти сеҷонибаи раҳбарони ин ду кишвар бо раисҷумҳури Русия худдорӣ карданд, Владимир Путин дар нишасти матбуотие, ки дақоиқе пеш дар Остона баргузор шуд, бархе аз ҷузъиёти ин нишастро ифшо кард. Ба назар мерасад ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ҳали баҳси марзии худро дубора ба Маскав бовар кардаанд.

Путин дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи нишасташ бо Раҳмону Ҷабборов гуфт “вохӯрӣ то ҳаде созанда буд”. 

Ӯ таъкид кард, “табиист, ки вақте муносибот дар сатҳи доғе қарор доранд, ёфтани нуқтаи муштарак осон нест, аммо ба назари ман мо тавонистем онро пайдо кунем”.

Раисҷумҳури Русия дар бораи се созише ҳарф зад, ки бо ҳамтоёни тоҷику қирғизаш расидаанд. Ба гуфтаи ӯ ҷонибҳои мутааҳид шудаанд, ки ҳамаи ҷораҳо барои дубора шурӯъ нашудани амалиёти низомӣ андешида мешаванд.

Нуктаи дувуме, ки Путин онро муҳим хонд ин аст, ки ҷонибҳо барои баргардонидани гурезаҳо ҳамаи иқдомҳои лозимаро анҷом медиҳанд.

Ва билохира нуктаи савум, ки ба гуфтаи раисҷумҳури Русия аҳамияти аз дуи дигар камтаре надорад ин аст, ки баҳс зоҳиран дар Маскав ҳал мешавад. 

“Ҳарчанд мо барои миёнаравӣ талош намекунем, дар ҳоле, ки аз мо чунин дархост шуда буд, мо бо ҷонибҳо ба ин созиш расидем, ки ҳарду тараф ба мо ҳуҷҷатҳои лозима ва дидгоҳашон дар бораи ҳали мушкилро ба мо ирсол мекунанд” — гуфт Путин. 

Ва тасреҳ кард: “Мо аз ҷониби худ мекӯшем на танҳо ин ҳуҷҷатҳоро баҳогузорӣ кунем, балки онҳоро барои ҳали мушкилоти марзии бавуҷудомада истифода хоҳем кард. Ҳамчунин барои ин кор аз ҳуҷҷатҳое, ки дар дасти худи мо мавҷуданд истифода мешаванд”. 

Ба гуфтаи раисҷумҳури Русия “дар Маскав ҳуҷҷатҳои мӯътабар дар бораи сарҳадҳои ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ бештар аз онанад, ки дар худи ин ҷумҳуриҳо вуҷуд доранд”. 

Ӯ гуфт “мо ин ҳуҷҷатҳо ва ин харитаҳоро мебардорем ва ҳамроҳ бо ҳамкорон қарор қабул хоҳем кард”.    

Гуфтанист, дирӯз, 3 октябр дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон бо ибтикори ҷониби Русия мулоқоти сеҷонибаи раҳбарони Тоҷикистону Русияву Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин ва Содир Ҷабборов баргузор гашт. Ҳадафи ин мулоқот поён додан ба танишҳои марзӣ байни ду кишвари ҳамсоя унвон шуда буд.

Дар навори кӯтоҳе, ки хабаргузории РИА Новости нашр кардааст, дида мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон  ва Содир Ҷабборов пеш аз шурӯъи мулоқот ба якдигар даст надоданд. Эмомалӣ Раҳмон бидуни эътино аз назди раисҷумҳури Қирғизистон гузашта ба Путин даст медиҳад ва ба курсии худ менишинад. Ҷабборов ҳам вонамуд мекунад ӯро надидааст. 

Дар аксҳои нашршуда ҳам дида мешавад ҳарду раисҷумҳур табъи хира доранд. Акси якҷоя баъди гуфтушунид, ки ҳамеша ҷузъе аз ин гуна мулоқотҳо мебошанд, нашр нашуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular