Monday, March 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаҳмон ба хонаводаҳои туркҳо изҳори таслият кард. Мардуми худаш то ҳол мунтазир

Раҳмон ба хонаводаҳои туркҳо изҳори таслият кард. Мардуми худаш то ҳол мунтазир

Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон ба марги беш аз 40 нафар бар асари таркиш дар яке аз конҳои ангишти Туркия, ба раисҷумҳури ин кишвар Раҷап Таййиб Эрдуғон барқияи изҳори ҳамдардӣ ирсол кард. Ин дар ҳолест, ки раисҷумҳури Тоҷикистон бо гузашти як моҳ аз марги зиёда аз 80 нафар шаҳрвандонаш дар муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон на танҳо изҳори ҳамдардӣ нанамуда, балки аслан ҳарфе дар ин бора назадааст.

Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар медиҳад, дар барқия зикр шудааст, ки “хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва осеб дидани теъдоди зиёди мардум бар асари таркиш дар кони ангишт дар вилояти Бартини Ҷумҳурии Туркия боиси андӯҳи амиқи мо гардид”. Дар ҳамин ҳол маълум нест Раҳмон аз марги дастикам 81 шаҳрвандаш дар муноқишаи марзӣ камтарин эҳсоси андӯҳ кардааст ё на. 

“Ҳамдардиву тасаллиёти самимии ин ҷонибро ба аҳли пайвандону наздикони қурбониёни ин фоҷеа изҳор намуда, ба онҳо сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам», — омадааст дар барқия. Наздикони беш аз 80 кушта як моҳ аст, ки мунтазири “тасаллиёти самимии” раҳбари кишварашон ҳастанд, аммо то ҳол ҳарфе аз ӯ нашунидаанд. 

Тибқи охирин маълумоти расонаишуда, бар асари таркиш дар кони ангишти шаҳри Амасра дар шимоли Туркия 41 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти шаҳрдории Амасра, 11 нафар зинда берун оварда шуда, дар бемористон бистарӣ шудаанд. Ба зиёда аз 50 нафар ангиштканон муяссар шудааст, ки мустақилона аз кон хориҷ шаванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular