Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСироҷуддин Ҳаққонӣ: бисёр дардовар аст, афроди ғайрикасбӣ мансаб мегиранд

Сироҷуддин Ҳаққонӣ: бисёр дардовар аст, афроди ғайрикасбӣ мансаб мегиранд

Сарпарасти вазорати дохилаи Толибон мегӯяд, ки бисёр дардовар аст, ки масъулият дар ҳукумати ин гурӯҳ ба афроди ғайрикасбӣ супурда мешавад. 

Сироҷуддин Ҳаққонӣ дар суханронӣ дар донишгоҳи Шайх Зоид дар Хӯст гуфт, ки донишҷуён пас аз фароғат нигарони пайдо кардани кор набошанд балки заҳмат бикашанд то дар идораи ин гурӯҳ роҳ пайдо кунанд.

 Ҳаққонӣ ҳамчунин аз донишҷуён хост, ки талош кунанд, зиллатро бипазиранд ба ҷойи ин, ки дар кишварҳои хориҷӣ залил шаванд. 

Ба гуфтаи ӯ зиллат дар дохили кишвар иззат аст. 

Ин дар ҳоле аст, ки Толибон тақрибан дар тамоми идорот афроди вобаста ба худро гумоштаанд ва нерӯҳои касбии ҳукумати пешин таҳти фишорҳои гуногун маҷбур ба тарки корашон шудаанд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular