Monday, March 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТоҷикистон дар феҳристи харидорони аслии молҳои Узбекистон

Тоҷикистон дар феҳристи харидорони аслии молҳои Узбекистон

Тоҷикистон ба феҳрасти кишварҳои пешсафе дохил шудааст, ки тайи 9 моҳи аввали соли равон молҳои Ӯзбекистонро харидорӣ кардаанд

Тоҷикистон дар феҳрасти харидорони молҳои Ӯзбекистон дар зинаи 7-ум қарор гирифтааст.

Ба иттилои мақомоти омории Узбекистон, дар садри даҳгонаи кишварҳое, ки моли аз ҳама зиёдро аз Ӯзбекистон харид кардаанд, Русия бо нишондоди зиёда аз 2 миллиарду 100 миллион доллар ҷой гирифтаст.

Дар даҳгона Тоҷикистон бо нишондоди беш аз 352 млн доллар дар зинаи 7-ум қарор дорад.

Таъкид шудаст, дар давоми 9 моҳ содироти мол аз Ӯзбекистон ба Чин 2 млрд доллар, ба Қазоқистон — 1 млрд доллар, Қирғизистон — 683 млн, Афғонистон — 514 млн, Тоҷикистон — 352 млн, Канада — 160 млн, Туркманистон – 154 млн ва ба Эрон 114 млн долларро ташкил додаст.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон азм доранд, ки додугирифти мол миёни ду кишварро ба 1 млрд доллари амрикоӣ расонанд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular