Saturday, March 21, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМавҷи ҷадиди ҳамлаи паҳподии Русия ба Киев

Мавҷи ҷадиди ҳамлаи паҳподии Русия ба Киев

Бомдоди рӯзи душанбе, 17 октябр ҳади ақал се инфиҷор дар Киев, пойтахти Укроин рух дод. Дақиақе пеш аз ин инфиҷорҳо бонги хатар ба садо даромада буд.

Виталий Кличко, шаҳрдори Киев дар канали телеграммиаш навишта чандин сохтмони маскунӣ дар минтақаи марказии Шевченковская дар ин шаҳр тархиб шудаанд.

Бо гузориши BBC News, Андрей Ермак,раиси дафтари раёсати ҷумҳурии Укроин низ гуфта ҳамалоти анҷомшуда ба Киев бо паҳподҳои камикадзе будааст.

Ҳамла ба Киев расо як ҳафта пас аз ҳамлаҳои ҳавоӣ ва мушакии Русия ба чанд шаҳри Укроин, аз ҷумла Киев сурат гирифт. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ҳамлаҳои рӯзи душанбеи гузаштаро вокуниш ба тахриби пули Крим номид. Бар асари ин ҳамлаҳо, ки дар маркази шаҳрҳои бузурги Укроин дар авҷи рӯз анҷом шуда буданд, дастикам 19 нафар кушта шуданд.

Ин ҳамла имрӯз, душанбе 17 октябр, соати 07:00 ба вақти маҳаллӣ рух дод. Кличко, шаҳрдори Киев дар барқияи худ навиштааст, ки ҳангоми ҳамла дар ноҳияи Шевченковская қарор дошт, ки ҳафтаи гузашта ҳадафи чанд ҳамлаи Русия қарор гирифт.

Баъди садо додани бонги изтирорӣ шаҳрдори Киев аз мардуми ин маҳал хостааст, ки ба паноҳгоҳҳо бираванд.

Шаҳри Киев моҳҳо боз ҳадафи ҳамлаҳои Русия набуд ва рӯзи душанбеи гузашта нахустин ҳамла ба пойтахти Укроин дар чанд моҳи ахир сурат гирифт.

Аввали ҳафтаи гузашта Путин гуфта буд, ки ба ҳамлаҳои густарда алайҳи Укроин ниёзе нест. Ба гуфтаи вай, Русия ба аксари аҳдофи худ расид ва тахриби Укроин аз ин ҳадафҳо набуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular