Friday, March 20, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМуҳриддин бо Зас дидор кард

Муҳриддин бо Зас дидор кард

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) Станислав Зас 18 октябр дар Душанбе мулоқот карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон.

“Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаҳои навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофи ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнити СААД-ро баррасӣ карда, дар бораи чолишҳо ва таҳдидҳо ба минтақаҳои амнияти дастаҷамъӣ табодули афкор намуданд”, — омаддаст дар хабари вазорат.

Вохӯрӣ дар ҳошияи конфронси байналмилалии “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо”, ки дар Душанбе ҷараён дорад, баргузор шуд.

Конфронси мазкур аз ҷониби Дафтари зиддитеррористии СММ, ҳукумати Тоҷикистон, Маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо созмон дода шудааст.

Қаблан рӯзи сешанбе Дабири кулли СААД-ро раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон дар чаҳорчуби СААД, вазифаҳои имрӯзаи Созмон, инчунин мавзуъҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба вазъи душвори низомиву сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон табодули андеша намуда, мустаҳкам кардани иқтидори ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистонро зарур шумурданд.

Дар Тоҷикистон аз 17 октябр марҳилаи фаъоли тамринҳои муштарак бо Неруҳои дастҷамъии зудамал дар минтақаи Осиёи Марказӣ — “Сарҳад-2022” (Рубеж-2022) оғоз гардид.

Дар тамринҳои амалӣ, ки дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон” ҷараён доранд, воҳидҳои низомии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, гуруҳҳои фаврии Ситоди муттаҳида ва Котиботи СААД иштирок мекунанд.

Теъдоди умумии ширкаткунандагони тамринҳо дар Тоҷикистон ҳудуди 1000 нафар буда, дар рафти он беш аз 300 воҳиди таҷҳизоти низомӣ ва вижа, ҳавопаймо, чархболҳо ва дигар таҷҳизоти низомӣ низ ҷалб мешаванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular