Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБа сокинони наздимарзии Қирғизистон силоҳ медиҳанд

Ба сокинони наздимарзии Қирғизистон силоҳ медиҳанд

Се Кумитаи порлумони Қирғизистон тарҳи қонунро дар бораи додани силоҳ ба сокинони минтақаҳои наздимарзӣ бо Тоҷикистон тасвиб карданд.

Қонуни нав иҷозат медиҳад, ки ба сокинони минтақаҳои наздимарзии ноҳияи Бодканд ва вилояти Уш “дар ҳолатҳои махсус” силоҳ дода шавад.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ навишт, се кумитаи Жокоргу Кенеш ё порлумони Қирғизистон, масъалаи додани силоҳро ба сокинони минтақаҳои марзӣ пушти дарҳои баста баррасӣ карданд.

Ба гуфтаи Марлен Маматалиев, яке аз муаллифони тарҳ, акнун лоиҳаи қонун дар ҷаласаи порлумон баррасӣ мешавад.

Тасмими додани силоҳ ба сокинони минтақаҳои наздимарзии Қирғизистон, пас аз муноқишаи охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сурат мегирад.

Дар ин муноқиша аз ду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Коршиносон дар Тоҷикистон гуфтанд, додани силоҳ ба сокинони наздимарзӣ метавонад, боиси хунрезии бештар шавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular