Monday, March 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲамлаи шадиди Укроин ба Херсон: тахлияи шаҳр аз ғайринизомиён

Ҳамлаи шадиди Укроин ба Херсон: тахлияи шаҳр аз ғайринизомиён

Путин дар минтақаи ишғолии чоргонаи Укроин эъломи вазиъяти ҷангӣ кардааст. Ҳамчунин нерӯҳои тарафдори Русия дар Херсон гуфтанд шаҳрро аз ғайринизомиён тахлия мекунанд чун сарбозони рус “то пойи ҷон” дар Херсон хоҳанд ҷангид.

Владимир Путин раисҷумҳури Русия дар чаҳор минтақаи ишғолшуда тавасути ин кишвар дар Укроин эъломи вазъияти ҷангӣ кард. Путин дар ин иртибот як қонуни ҷадид мунташир ва дастурамали марбут бо онро низ имзо кардааст. 

Бар асоси ин ҳукми ҷадид, ихтиёроти густурда барои идороти Русия дар минтақаи ишғолии Луганск, Донетск, Херсон ва Запороже таъйин шудааст.

Ин дар ҳоле аст ки нерӯҳои Укроин аз як ҳамлаи шадид ба шаҳри Херсон дар ҷануби Укроин хабар додаанд. Владимир Салдо раиси бахши идории ин шаҳр ки аз суи нерӯҳои ишғолии Русия мансуб шуда, аз мардум хоста то шаҳрро тарк кунанд. Ӯ дар як паёми видеоӣ ки нерӯҳои рус дар ихтиёри хабаргузории байналмилалӣ гузоштаанд, гуфта ки танҳо дар ин сурат метавон хатари ҷонӣ барои шаҳрвандони ғайринизомиро коҳиш дод.

Ба гуфтаи Владимир Салдо, тахлияи шаҳр барои он ки артиши Русия битавонад бидуни нигаронӣ аз ҷони шаҳрвандони ғайринизоми  корашро анҷом диҳад, зарурӣ аст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти укроинӣ мегӯянд мардуми ин шаҳрро русҳо бо истифода аз зӯру фишор мекӯчонанд ва тасмим доранд онҳоро ба дохили Русия ва лагерҳои тарбиявӣ ирсол кунанд.

Изҳороти фармондеҳи артиши Русия дар Укроин   

Фармондеҳи ҷадиди Русия дар Укроин, генерал Сергей Суровикин низ аз як ҳамлаи бузурги қарибулвуқӯъ сухан гуфта ки вазъияти низомиро аз ҳоло сахт кардааст.

Генерал Суровикин гуфтааст: “раҳбари артиши Укроин ки аз суйи НАТО ҳидоят мешавад аз мудатҳо пеш барои як ҳамла адр минтақаи Херсон фишор ворид кардааст.”

Ин фармондеҳи Русия гуфт: “режими Укроин таваҷуҳе ба ҷони сарбозон ва мардуми Укроин надорад.” Ин дар ҳолест ки Русия аҳли ин минтақаро рус ва бахше аз миллату кишвари худ медонад.

Генерал Суровикин идома додааст: “мо итилооте дорем ки нишон медиҳад ҳатто истифода аз тактикаҳои ҷангии мамнӯъшуда дар барномаи онҳост ва барои ҳамлаи мушакӣ ба таъсисоти обрасонии Каховская ва ҳамлаи тупхонаи ба шаҳри Херсон будуни тавҷеҳ ба садамоти он барномарезӣ кардаанд.”

Ин генерали рус дар ҳоле ин суханонро гуфта ки шавоҳиди ғайриқобили инкор аз эъломи ҷинояти ҷангӣ, ҳамла ба серсохтҳои энерҷӣ, ҳамла ба марокизи омӯзишӣ ва бемористонҳо аз суйи артиши Русия сабт шудааст.

Оғози тахлияи Херсон 

Идороти тарафдори Русия дар минтақаи ишғолшудаи Херсон воқеъ дар ҷануби Укроин гуфтаанд тахтияи ин минтақа аз ғайринизомиён оғоз шудааст.

Ба гуфтаи идороти шаҳри Алёшки, ки дар дасти ҳомиёни Русия аст, сокинони Херсон аз канори самти рости дарёи Днепро ба канори самти чапи ин дарё интиқол дода мешаванд.

Расонаҳои давлатии Русия тасвиреро нишон медиҳад ки дар он киштиҳои паром мардумро аз соҳили самти рост ба соҳили самти чап мунтақил мекунанд.

Маркази идории Херсон ки аз суйи тарафдорони Русия идора мешаванд ба гуфтаи худи ин марказ ба таври комил аз Херсон хориҷ шудааст.

Владимир Салдо раиси бахши идории ин шаҳр ба шабакаи Русия-24 гуфтааст: “ аз имрӯз тамоми ниҳодҳои давлатии ин шаҳр, идороти низомӣ ва ғайринизомӣ,тамоми вазоратхонаҳо ба соҳили самти чапи дарё мунтақил мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ нерӯҳои артиши Русия қасд доранд дар ин шаҳр “то пойи ҷон” биҷанганд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular