Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЭҳёи равобити ҲАМОС ва Сурия пас аз 10 сол

Эҳёи равобити ҲАМОС ва Сурия пас аз 10 сол

Ҷунбиши фаластинии ҲАМОС рӯзи чоршанбе 19 октябр эълом кард ки равобити худро бо Башар Асад, раисҷумҳури Сурия эҳё мекунад. Димишқ онҳоро 10 пеш ба хотири ҳимоят аз ҷангҷуёни мусалаҳи мухолифи Башар Асад аз Сурия берун ронда буд.

Ду мақоми аршади Ҳамос рӯзи чоршанбе аз Димишқ дидор карданд. Ба назар мерасад  ин дидор ки пеш аз миёнҷигарии чандмоҳаи Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон, нахустин гом ҷиҳати барқарори муҷадади равобити сулҳомез миёни ҲАМОС ва давлати Башар Асад бошад.

Дар солҳои гузашта Эрон ва Ҳузбуллоҳи Лубнон бо рағми нозоъи Башар Асад бо ҲАМОС равобити худро бо ин шибҳи низомиёни фаластинӣ ҳифз кадаанд. Пеш аз ин низоъҳо ҲАМОС пойгоҳи сиёсии қудрадмандӣ дар Сурия дошт ва аз пуштибонии Башар Асад дар корзорҳои худ алайҳи Исроил баҳра мебурд. Раҳбари дар табиъди қудратманди ҲАМОС дар соли 2008 ҳатто пеш аз ба қудрат расидан дар Навори Ғазза дар Сурия боқӣ монд. Аммо замоне ки Сурия вориди ҷангҳои дохилӣ шуд, ҲАМОС равобити худ бо Димишқро каът ва ба пуштибонӣ аз шуришиён пардохт.

Халил ал-Ҳия, нафари дуюми ҲАМОС ва Усома Ҳамдон ба ҳамроҳи ҳайате аз намояндагони ҷангҳои мухталифи фаластинӣ рӯзи чоршанбе бо Башар Асад дидор карданд. Ал-Ҳия дар хотимаи ин дидор ва як нишасти матбуотӣ гуфт: гирдиҳамоии бисёр гарме доштем. Башар Асад дар ҳимоят аз муқовимат ва мардуми Фаластин бисёр муассир аст. Вай эътироф дошт ки Сурия ҳар ҷо ки битавонад ба ҳимоят аз мардуми Фаластин идома медиҳад. Ба умеди Худованд варақ бармегардад ва рузҳои хуши оянда фаро мерасад”. 

Вай бо ишора ба мушкилоте ки дар равобити байни ҲАМОС ва Димишқ дар солҳои гузашта ба вуҷуд омада буд изофа кард: “мутаъқид ҳастам ки ҳар он чи дар гузашта байни тарафайн итифоқ афтода, дигар тамом шудааст.

Ҳеҷ кадом аз он иштибоҳот ва иқдомоте ки анҷом шуда дигар мавриди тайиди мо нест ва аз байн рафтааст. Бинобарин, ба умеди Худованд ин барги ҷадиде дар равобити дуҷонибаи мо ва ҳамчунин мардуми ду кишвар хоҳад буд.”

Эҷоди муҷадади пойгоҳи ҲАМОС дар Димишқ метавонад нишондиҳадаи пайвастани муҷадади ин шибҳинизомиён ба “меҳвари муқовимат” таҳти раҳбарии Эрон бошад. Зеро Теҳрон дар замоне ки музокирот бо қудратҳои ҷаҳонӣ бар сари барномаи ҳастаии Эрон мутавофиқ шуда, ба думболи ҷамъоварии мутаҳидоне барои худ аст. 

Ин иқдоми ҲАМОС пас аз эҳёи равобити давлати Туркия ба Исроил ва ҳамчунин эъдосозии равобити бархе аз кишварҳои арабӣ аз қабили Амороти арабии мутаҳида ва Баҳрайн бо Тел-Авив сурат гирифт.  ҲАМОС Исроилро душмани шумораи яки худ медонад.   

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular