Пулиси Олмон эҳтимоли ангезаи сиёсиро дар вуқуъи сӯхтори яке аз иқоматгоҳҳои паноҳҷуёни укроинӣ дар Иёлоти Мелкенбург-Форпоммерн рад намекунад.Доираи ҳифозату амнияти давлати Олмон таҳқиқот дар ин бораро оғоз карданд.
Дар минтақае дар наздикии ҷазираи Пёл дар иёлоти Меленбург-Форпоммерн дар шимолу шарқии Олмон, нимаи шаби гузашта (20 октябр) яке аз иқоматгоҳи паноҳҷуёни укроинӣ бар асари оташсӯзӣ ба таври комил тахриб шуд. Ба гуфтаи яке аз мақомоти маҳалӣ ҳамаи 14 паноҳҷуйи ин иқоматгоҳ бидуни осебу ҳар гуна ҷароҳатҳо аз сохтмон берун шуданд ва коркунон ҳам дар маҷмуъ се тан будаанд солим ҳастанд.
Пулис эҳтимоли ангезаи сиёсии ин оташсӯзиро рад немекунад. Пулиси Росток (бузургтарин шаҳри ин Иёлот) эълом кардааст доираи ҳифозату амнияти давлати Олмон таҳқиқот дар ин бораро оғоз кардааст. Бар пояи хабарҳои мунташиршуда, шуморе аз нерӯҳои пулиси ҷиноӣ ҳам дар ин таҳқиқот ширкат доранд.
Нэнси Фарез, вазири кишвари Олмон ки аз хабари оташ гирфтани маҳали иқомати паноҳҷуёни укроинӣ мутаҳаййир шудааст, дар ин бора гуфт: “касоне ки аз ҷанги Путин ба мо паноҳ оварадаанд бояд ин ҷо аз шулаъи оташ наҷот пайдо мекарданд.” Ӯ ин масъаларо ки ҳеҷ кадом аз паноҳҷуён осеб надида “шонси бузург” донист.
Сохтмоне ки 14 тан аз паноҳҷуёни укроинӣ маскан дода шуда буданд пештар сохтмони як Ҳотел будааст.
Мануэла Шёссиг, нахуствазири Иёлоти Мелкенбург-Форпоммерн дар твитте навиштааст: “мардуме ки аз ҷанг фирор мекунанд ба ҳимояту паноҳи мо ниёз доранд. нафратпарокунӣ ва хушунатро таҳамул намекунем..”
Гуфтанист ки дар оғози ҳафтаи ҷорӣ, пулиси минтақа гузорише шикаста шудани салиби бахши вурудии ҳотел дарёфт карда буд ки омили он ҳанӯз шиносоӣ нашудааст.
Ба гуфтаи пулис ҳанӯз мушахас нест ки он кор бо оташсӯзӣ иртиботе дорад ё хайр.
Муовини раиси пулиси Росток гуфтааст, ҳар гуна ҳамла ба паноҳҷуён ва ба маҳаллҳои иқомати онҳо, “ҳамла ба арзишҳои мост”. Ӯ чунин иқдомеро “такондиҳанда ва ғайри кобили қабул” хондааст. Ба гуфтаи ин мақоми пулис Иёлоти Мелкенбург-Форпоммерн, таҳқиқоти дар мавриди илатҳову омили ин оташсӯзӣ аз авлавият бархурдор аст.
Бин ба гузориши пулис, оташсӯзӣ аз шаби 19 октябр оғоз шуд ва бонги хатар 21:20 ба садо даромад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

