Monday, March 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДодани силоҳ ба сокинони наздимарзии қирғиз қонунӣ шуд

Додани силоҳ ба сокинони наздимарзии қирғиз қонунӣ шуд

Вакилони порлумони Қирғизистон дирӯз 20 октябр тарҳи қонунеро қабул карданд, ки «дар ҳолатҳои махсус» ба сокинони ноҳияҳои наздимарзии вилоятҳои Бодканду Ӯш додани аслиҳаи ҷангиро қонунӣ мегардонад.

Ба ҷонибдорӣ аз ин қонун 63 вакил ва зидди он 3 вакил раъй додаанд. То ин замон тарҳи қонун пушти дарҳои баста баррасӣ мешуд.

Тибқи ин қонуни қабулшуда, ба сокинони минтақаҳои наздимарзӣ  иҷоза дода мешавад, ки ихтиёран дар ҷангҳо ширкат кунанд ва ҳамчунин гирифтани силоҳ ба онҳо мумкин мешавад.

Тасмими додани силоҳ ба сокинони минтақаҳои наздимарзии Қирғизистон, пас аз муноқишаи охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сурат мегирад.

Дар ин муноқиша аз ду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Коршиносон дар Тоҷикистон гуфтанд, додани силоҳ ба сокинони наздимарзӣ метавонад, боиси хунрезии бештар шавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular