Monday, March 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБунбасти коммуникатсионӣ ва “логистика”-и вазири нақлиёт

Бунбасти коммуникатсионӣ ва “логистика”-и вазири нақлиёт

Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар қатори ҳадафҳои стратегии кишвар мебошад, ки солҳост мақомоти кишвар дар борааш ҷор мезананду оид ба сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан, пулҳо, нақбҳо, фурудгоҳҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ ваъдаҳои осмонӣ медиҳанд. Тибқи нақша, ҷумҳурӣ бо ин роҳ аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, ба минтақаи транзитӣ мубаддал мегардад.

Вале то имрӯз дастовардҳо дар ин ҷода бо сохтмони роҳи Душанбе-Чаноқ, ки бо арзиши гарони худ ба сари мардум танҳо мушкилиҳои бештаре овард, ва роҳи “стратегии” Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Қулма маҳдуд мешаванд, ки ҳарду бо пули ЧИн сохта шудаанд. Ҷуз ин ду роҳ кори назаррасе анҷом дода нашудааст. Сохтмони ду-се пул ва асфалтпӯш кардани як-ду роҳро зикр намекунем, зеро он корҳои ҳаррӯзаи ободонӣ ба ҳисоб меравад, ки давлат вазифадор аст дар ҳар сурат иҷро кунад, хоҳ ҳадафи стратегӣ бошшаду хоҳ на.

Аз ин ду роҳе, ки дар муддати дароз, бо ифтихору унвонҳои баланде чун “баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ” ва “ҳадафҳои стратегии миллӣ” сохта, аниқтараш таҷдиду асфалтпӯш карда шуда буданд, танҳо роҳи Кӯлоб-Қулма кишварро бо кишвари дигар, яъне Чин пайваст мекунад.

Гузаргоҳи Қулма дар сарҳади Тоҷикистону Чин дар яке аз минтақаҳои дурдасттарину ноқулай, дар ағбаи Қулма, дар баландии 4362 метр, дар роҳи Мурғоб-Тошқӯрғон ҷойгир аст. Бо вуҷуди он, ки сарҳади байни Тоҷикистону Чин ҳудуди 500 километр тӯл кашидааст, байни кишварҳо танҳо як гузаргоҳи сарҳадӣ фаъолият мекунад, зеро аксари сарҳади байни ду кишвардар минтақаи баландкӯҳ ҷойгир аст ва гаштугузорро тақрибан номумкин мегардонад. 

Чӣ гуна ин роҳи баландкӯҳӣ ва дорои ағбаҳои зиёде метавонад кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонад, то ҳол номаълум аст. Ҳатто таъмин кардани талаботи аҳолии худи кишвар аз тариқи ин роҳи душворгузар имкон надорад, чӣ расад ба табдил додани кишвар ба “минтақаи транзитӣ”.

Дар ҳамин ҳол, бо ташаббуси Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 18-19 октябр дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа» баргузор гардид.

Тавре вазорат ба оҷонсии “Ховар” хабар додааст, “дар назар аст, ки тавассути долони мултимодалии Чин-Тоҷикистон-Туркманистон-Эрон-Туркия нахуст тавассути мошинҳо борҳо аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шаҳри Кӯлоб, ки Минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон ба шумор рафта, қарор аст қутби тиҷорат, транзит ва саноати Тоҷикистон гардад, оварда мешаванд. Баъдан борҳо аз ин ҷо ба Узбекистон-Туркманистон-Эрон ва Туркия интиқол меёбанд”.  Дар сомонаи вазорати нақлиёт гуфта мешавад, ки борҳо аз Туркия ба Аврупо низ мераванд.

Яъне гуфтан мумкин аст, орзуҳои чандинсолаи ҳукумати Тоҷикистон имрӯз ҷомаи амал пӯшида, дар ояндаи наздик кишвар ба як нуқтаи муҳими транзитии ҷаҳонӣ табдил шуда, Чинро бо Аврупо пайваст мекунад, маблағҳои ҳангуфт дар шакли евро ба кишвар ворид шуда, мардум дар андак вақт миллионеру миллиардер мешаванд, даҳҳову садҳо шаҳраванди Тоҷикистон дар рӯйхати миллиардерҳои маҷаллаи “Forbes” ҷой мегиранд.

Вале ин ҳама ба гуфтан осон аст. Таҳлили рӯякие кофист, то нишон диҳад ин нақшаҳо амалишаванда нест, балки танҳо хаёлоти таваҳҳумомези ҳукумату вазири нақлиёт асту бас.

Аввалан, байни Тоҷикистон ва Эрону Туркия муносибати роҳиоҳанӣ вуҷуд надорад. Аниқтараш, метавонад вуҷуд дошта бошад, вале чун аз нуқтаи назари иқтисодӣ ва амалан воқеӣ нест, мавриди истифода нест. Сабаб дар он аст, ки дар Тоҷикистон, ба монанди ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ, роҳи оҳани бараш 1520 миллиметрӣ истифода мешавад, аммо дар Эрон  — 1435 миллиметрӣ. Муносибати бевоситаи роҳиоҳанӣ байни кишварҳои пасошӯравӣ ва Эрон душвориҳои зиёдеро ба бор дорад, зеро бояд дар сарҳади Туркманистону Эрон ё ҳамаи борро фароварда, ба вагонҳои эронӣ бор кард, ва ё қисми поёни вагон (тележка)-ро иваз кард, ки барои он вагонро бо домкратхои махсус бардошта, қисми поёнии навро оварда, ба болои он гузоштан зарур аст. Ҳамаи ин, албатта, хароҷоти иловагӣ, сарфи вақт ва душвориҳои ташкиливу логистӣ аст, ки ба сифати кор, суръати он ва арзиши бор таъсири бевосита мерасонад.

Дуввум, Чин аллакай имрӯз роҳи алтернативии Қазоқистон-Озарбойҷон-Гурҷистон-Туркия ва сипас Аврупоро истифода мебарад. Қаблан, яъне то оғози ҷанги Русия бо Украина, Чин аз роҳҳои оҳан ва автомобилгарди Русия истифода мебурд. Роҳи Русия барои Чин арзонтар ва осонтар буд. Пас аз ҷанг ин роҳ баста шудааст ва Чин маҷбур аст аз роҳи алтернативӣ истифода барад. Вале чӣ чизе метавонад Чинро маҷбур кунад, ки бори худро аз роҳи боз ҳам душвортару дорои мушкилиҳои бештар ба Аврупо расонад ва дар натиҷа, арзиши бораш гарон шавад? Ҳамчунин, роҳи анъанавии баҳрӣ аз Чин мустақим то Аврупо то ҳол фаъол аст.

Севвум, то Кӯлоб омадани борҳо як муаммои бузурги дигаре аст. Бояд ба назар гирифт, ки инҷо сухан дар бораи таъмин кардани бозори дохилии Тоҷикистони аҳолияш даҳмилионнафара намеравад, балки мавзӯъ таъмин кардани як қитъаи бузурги дорои ҳудуди 500 миллион аҳолӣ аст. Овардани ин ҳаҷм борҳо бо “Дулан”-ҳову “Камаз”-ҳо имкон надорад. Автомобилҳои боркаши дарози маъруф ба “фура” бошад, дар роҳҳои баландкӯҳу ағбаҳои Помиру Шинҷони Чин наметавонанд гарданд. Аз гузаргоҳи Қулма низ ворид кардани ин миқдор бор хеле душвор хоҳад буд. Ҳатто ронандаҳои тоҷик на ҳама вақт аз ин гузаргоҳ истифода мебаранд, хусусан агар бор ба марказ ё шимоли Тоҷикистон равона бошад. Зеро, барои мисол, роҳи Чин-Қазоқистон-Ӯзбекистон-Хуҷанд ҳамвор ва бамаротиб осонгузар аст. Қаблан ронандаҳои тоҷик аз роҳи Чин-Қирғизистон-Ғарм-Душанбе низ истифода мебурданд, вале пас ҳодисаҳои сарҳадии Қирғизистону Тоҷикистон ин роҳ низ баста шудааст.

Ҳоло маълум нест, вазири нақлиёти тоҷик дар асоси кадом далелҳо ин “логистика”-ро фикр карда баромадааст ва онро бо ҳайъатҳои кишварҳои дигар пешниҳод кардааст, инчунин маълум нест, ки намояндагони кишварҳо ба ин пешниҳодҳо чӣ вокунише кардаанд. Вале зоҳиран ба назар мерасад, ки ин тарҳу нақшаҳо танҳо дар қоғаз боқӣ хоҳанд монд. Чуноне, ки қаблан тарҳу нақшаҳои бузургу “стратегӣ”-и дигар низ дар рӯи қоғаз монда буданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular