Saturday, March 21, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАфзоиши себаробарии додугирифти мол байни Тоҷикистону Эрон

Афзоиши себаробарии додугирифти мол байни Тоҷикистону Эрон

Додугирифти мол миёни Тоҷикистону Эрон дар 8 моҳи соли равон беш аз 143 млн доллари амрикоиро ташкил додаст, ки нисбати ҳамин давраи соли пешӣ ҳудуди 96 млн доллар ва ё 3 баробар зиёд аст.

Ин нукта дар мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо муовини вазири шаҳрсозӣ ва нақлиёти Эрон Шаҳриёр Афандизода баён шуд.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузории ҷониби эронӣ баён доштаанд.

Душанбею Теҳрон омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид намудаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular