Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲалокати духтари 16-сола ҳангоми чорвочаронӣ

Ҳалокати духтари 16-сола ҳангоми чорвочаронӣ

Духтаракии 16-солаи сокини деҳаи Бадгаи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷекат ҳангоми чорвочаронӣ аз баландии тахминан 80 метр ба зер афтода, ба ҳалокат расидааст, медиҳад КҲФ ҶТ.

Гуфта мешавад ин ҳодиса баъд аз зуҳри рӯзи якшанбе, 23 октябр рух додааст.

«Сабаби сарозер шудани духтари 16-сола дақиқ маълум нест. Ҷасади ӯро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайдо карданд», — афзудааст манбаъ.

Кумитаи ҳоатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки дар рӯзҳои боронӣ ва умуман дар остонаи фасли сард бояд кӯдакону наврасонро эҳтиёт намуд ва танҳо ба чорвочаронӣ, ғунучини ҳезуму алаф ва гиёҳҳои доруворӣ фиристодани ноболиғон хатар ба ҷони онҳо дорад.

Кумита танҳо фиристодани як духтари ҷавон барои чорвочаронӣ ба кӯҳро, бемасъулиятӣ унвон кардааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular