Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳоАввалин тасмими байналмиллалии Доналд Трамп

Аввалин тасмими байналмиллалии Доналд Трамп

Доналд Трамп дар аввалин тасмим байналмиллалии худ дастур дод Иёлоти муттаҳида Амрико аз тавофуқи транс-пасифик, ки шомили 12 кишвар аст хориҷ шавад.

Ба гузориш Евронюз Доналд Трамп бар асоси ваъдае, ки дар даврони интихобот дода буд, дастур дод кишвараш аз муоҳидаи тиҷории Уқёнуси ором хориҷ шавад. Ў ваъда дода буд дар аввалин рӯзи вуруд ба Кохи Сафед хоҳони хурӯҷи Амрико аз ин тавофуқ хоҳад шуд.

Бар асоси ин тавофуқ, ки сол гузашта дар байни 12 кишвар имзо шуд, кишварҳои узв қодир мешаванд, ки мубодилоти тиҷории худро бо таърифае бисёр камтар аз таърифа кунунӣ анҷом диҳанд. Ин паймон ҳанӯз расман тавассути кишварҳои узв иҷро нашудааст. Барак Обама, раисҷумҳури пешини Амрико аз ҳомиёни ин тавофуқ буд. Кишварҳои узви ин паймон ҳудуди 40 дарсади иқтисоди ҷаҳонро дар даст доранд.

Синдзо Абэ, нахуствазири Ҷопон пештар гуфта буд, ки ин муоҳида бидуни ИМА бемаънӣ хоҳад буд ва ба ҳамин далел музокира кардан ғайримумкин мешавад. Бо инҳол бархе таҳлилгарон бовар доранд, ки Чин метавонад халои ношӣ аз хурӯҷи Амрикоро пур кунад.

Трамп ҳушдор дод, ки молиётро барои ширкатҳое, ки кори худро ба хориҷи Амрико мунтақил мекунанд, сангинтар хоҳад кард. Ў дар бораи қонунҳои мавҷуда гуфт: «мо қавонинро ба ҳадди зиёде коҳиш медиҳем. Мо қонунҳоеро хоҳем дошт, ки қудратманд ҳастанд ва аз мардум муҳофизат хоҳанд кард. Мушкиле, ки бо қавонини кунунӣ дорем ин аст, ки бо вуҷуди онҳо шумо наметавонед ҳеҷ кореро анҷом диҳед.»

Кишварҳои Австралия, Бруней, Канада, Чилӣ, Ҷопон, Малайзия, Мексика, Нюзеланд, Перу, Сингапур, Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва Ветнам узви ин паймон ҳастанд ва Барак Обама раисҷмҳури пешини Амрико аз ҳомиёни ин паймон буд.

 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика