Saturday, March 21, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНаздикони Саидаминиро боз ба мурофиа роҳ надоданд. Модараш ӯро 4 моҳ надидааст

Наздикони Саидаминиро боз ба мурофиа роҳ надоданд. Модараш ӯро 4 моҳ надидааст

Имрӯз 26 октябр мурофиаи додгоҳии рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ паси дарҳои баста идома кард. Пайвандонаш ин дафъа ҳам ба толор роҳ наёфтанд ва аз дидани ӯ маҳрум шуданд. Гуфта мешавад модараш Завқибекро аз замони боздошташ надидааст. 

Наздиконаш ба расонаҳо гуфтаанд дар мурофиаи имрӯз чаҳоршанбе як сиёсатшинос ширкат кардааст, то ба навиштаҳои ӯ дар фейсбук баҳо диҳад. Вакили дифоъ ваъда карда, ки ба пайвандонаш барои ширкат дар мурофиа иҷозат мегирад, аммо натавонистааст..

Мавзӯъи баҳс дар додгоҳ ва назару хулосаи сиёсатшиноси даъватшуда маълум нест. .

Завқибек Саидаминӣ моҳи июли соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат боздошт ва дертар барои ҳамкорӣ бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва “Гурӯҳи 24” гумонбар шуда буд. Худи ӯ ва наздиконаш ҳамеша иртибот ё ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Тоҷикистонро рад мекунанд.

Идомаи мурофиа ба ҳафтаи дигар гузошта шудааст. Наздиконаш гуфтаанд умедворанд ақалан ба модараш иҷозаи вохӯрӣ бо ӯро диҳанд, чун дар ин 4 моҳи дар боздошт қарор доштанаш боре ҳам дидор накардаанд. 

Вакили дифоъ Завқибек аз сӯҳбат бо рӯзноманигорон парҳез мекунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular