Имрӯз 26 октябр ҳамзамон бо чиҳилумин рӯзи марги Маҳсо Аминӣ мардуми шаҳрҳои Эрон бори дигар ба хиёбонҳо рафта ва шиорҳое алайҳи ҳукумат сар доданд. Дар таҷаммӯъи муқобили низом бо ширкати пизишкон дар Теҳрон тирандозӣ шудааст. Қоиммақоми созмони пизишкӣ истеъфо дод.
Дар пайи тирандозӣ дар таҷаммӯъи мусоламатомези пизишкон дар Теҳрон, Муҳаммад Розӣ қоимимақоми Созмони низоми пизишкии Теҳрон аз самти худ истеъфо дод. Ў дар гуфтугӯ бо ИЛНА (ILNA) гуфтааст: “далели ин мавзӯъ адами эҳтиром ба ҷомеаи пизишкӣ ва шикастани ҳурмати пизишконе буд, ки қасди баргузории таҷаммӯъи мусоламатомез дар ин созмонро доштанд.”
Муҳаммад Розӣ далели дигари истеъфояшро “таъадӣ ба хонаи пизишкон ва амниятӣ кардани фазои атрфи Созмони низоми пизишкӣ ва донишгоҳ” унвон кард.
Муовини Созмони низоми пизишкии Теҳрон ба ИЛНА гуфтааст: “на танҳо иҷозаи баргузории таҷаммӯъро надоданд балки дарҳои Созмони низоми пизишкиро баста ва иҷозаи вуруд ба пизишконро ҳам надоданд. Дар замони эътирози банда ба бархурди тавҳиномез бо яке аз пизишкони ҳозир ва дархост аз онҳо барои раҳо кардани эшон ба ман ҳам беэҳтиромӣ шуд.”
Қоимимақоми мустаъфии Созмони низоми пизишкӣ ёдовар шуд: “доманаи ин беэҳтиромиҳо ба доктор Алавиён раиси низоми пизишкии Теҳрони бузург ҳам расид ва замоне, ки эшон дар ҳоли сӯҳбат кардан ва даъват ба оромиш буд ба эшон ҳам беадабӣ шуд.”
Созмони низоми пизишкии Теҳрон дирӯз дар иттилоияе эълом кард, ки имрӯз соати 11 муқобили дафтари ин Созмон таҷаммӯъ мекунанд.
Видеоҳои мунташиршуда, ки ҳокӣ аз тирандозӣ дар ин таҷаммӯъ аст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

