Monday, March 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНиҳодҳои амниятии ИДМ “фаъолиятҳои тахрибкоронаи созмонҳои ғайридавлатӣ”-ро баррасӣ карданд

Ниҳодҳои амниятии ИДМ “фаъолиятҳои тахрибкоронаи созмонҳои ғайридавлатӣ”-ро баррасӣ карданд

Маркази равобити умумии ФСБ Русия гузориш дод, ки панҷоҳуякумин нишасти Шӯрои раисони созмонҳои амниятӣ ва хадамоти вижаи кишварҳои ИДМ рӯзи гузашта дар Маскав баргузор шуд. 

Гуфта мешавад Владимир Путин раисҷумҳури Русия бо раисони ҳайатҳо дидор кардааст. 

“Дар ин нишаст, иқдомоти иловагӣ барои муқобилаи муштарак бо фаъолиятҳои тахрибкоронаи созмонҳои ғайридавлатии хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалие, ки аз абзорҳои “нерӯи нарм” барои бесубот кардани авзоъи сиёсӣ-иҷтимоӣ дар фазои кишварҳои муштаракулманофеъ истифода мекунанд, баррасӣ шуд. Аъзои шӯро арзёбӣ ва пешбинии муштарак аз афзоиши таҳдидҳои амнияти кишварҳоямон дар ҳавзаи иттилоотиро тасвиб карданд” — омадаст дар иттилоъия. 

Гуфта мешавад нишастҳои гурӯҳҳои корӣ дар назди Шӯрои раисони созмонҳои амниятӣ ва хадамоти вижа дар заминаи ҳамкориҳои илмӣ ва фаннӣ, мубориза бо қочоқи байналмиллалӣ маводи мухаддир, амнияти иттилоот, ҳамкори дар заминаҳои таҳқиқоти пешакӣ ва “муқобила бо фаъолиятҳои харобкоронаи созмонҳои ғайридавлатии хориҷӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ” баргузор шудааст. 

Бар асоси натоиҷи ин нишастҳо санади ниҳоии ҷаласа ва тасмимҳои шӯро дар заминаҳои мухталифи ҳамкорӣ байн мақомоти амниятӣ ва сервисҳои вижаи кишварҳои ИДМ имзо шуд.

Гуфтанист, Русия бештари созмонҳои байналмиллалӣ ва ғайридавлатии ҳуқуқибашариро дар қаламраваш “агентҳои хориҷӣ” эълон ва фаъолияти бахши бузурге аз онҳоро манъ кардааст. 

Дар кишварҳои дигари ИДМ ҳам фаъолияти ин созмонҳо ё зери назорати шадид қарор дорад ва ё асосан мамнӯъ шудааст. Сахттарин бархӯрд бо созмонҳои созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмиллалиро дар Тоҷикистону Туркманистон доранд.

Коршиносон ба ин назаранд, ки мақомоти амниятии аксари кишварҳои узви ИДМ аз ҷониби Русия контрол карда мешаванд ва бештари афсарони ин созмонҳо дорои шаҳрвандии Русия мебошанд.  

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular