Saturday, January 3, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТавофуқи Туркия, Русия ва Эрон бар сари назорати оташбас дар Сурия

Тавофуқи Туркия, Русия ва Эрон бар сари назорати оташбас дар Сурия

Хабаргузории “Анадолу” рӯзи сешанбе 24 январ 2017 эълом кард, Туркия, Русия ва Эрон тавофуқ карданд, ки ба таври сеҷониба бар оташбаси Сурия назорат кунанд.

Хабаргузории расмии Русия «ТАСС» рӯз гузашта эълом карда буд, ки кишварҳои Русия, Туркия ва Эрон пешнависи тавофуқӣ барои назорати сеҷонибаи ин кишварҳо бар оташбас дар Сурияро таҳия карданд.

Рӯзи се‎шанбе дуввумин рӯз аз музокироти сулҳи Сурия аст, ки тайи он ҳайатҳои давлат ва опозисиюни Сурия дар шаҳри Остона ба сурати ғайримустақим гуфтугӯ мекунанд.  

Ба гузориши телевизиони “Ал-арабия”, Стефан де Мистура, намояндаи вежаи Созмони милал дар умури Сурия, ки ҳамакнун дар Остона ба сар мебарад, аз имкони тамдиди музокироти сулҳи Сурия дар Остона, хабар додааст.

Ин суханони Де Мистура дар ҳоле матраҳ шуд, ки вай пештар аз раванди омодасозии баёнияи ниҳоии гуфтугӯҳои Остона хабар дода буд. Намояндаи вежаи Созмони милал дар Сурия гуфтааст, ки дастёбӣ ба баёнияи поёнӣ барои ин музокирот баид нест.

Ҳадаф аз баргузории ин музокирот дастёбӣ ба тафоҳум миёни опозисиюни Сурия ва низоми ин кишвар пеш аз музокирот Женева аст. Аммо ихтилофҳо миён ду тараф ба хотир баёнияи поёнӣ, ки аз ихтилоф миёни кишварҳои зомини тавофуқи оташбас манша мегирад, рӯ ба афзоиш аст.

Гурӯҳҳои мухолифини Сурия хостор ғунҷондани дастури кории мушаххаси муртабит бо масъалаи оташбас, озодии зиндонён ва боз кардани гузаргоҳҳои инсонӣ ҳастанд.

Мустафо Аламъаротӣ, намояндаи «Ҷайш-ул-Ъизза» дар музокироти Остона, дар ин бора гуфт: «то кунун тавофуқе бар сари баёнияи поёнӣ вуҷуд надорад. Ихтилофҳои миёни кишварҳои зомин зиёд».

Ал-арабия навиштааст: “мавқеъи низоми Сурия мутафовит буд, чаро ки саъй дорад дастовардҳои сиёсӣ дошта бошад. Низоми Сурия мехоҳад худро мунодии оштиҳои маҳаллӣ нишон диҳад”.

Аз сӯи дигар Александр Лаврентев, раиси ҳайати русӣ дар музокирот гуфт, ки бар сари матни баёнияи поёнии музокироти Остона баҳс ва билохира бар сари он тавофуқ хоҳад шуд. Ў дар айни ҳол хотирнишон кард, ки то кунун бар сари роҳкори тасбити оташбас дар Сурия, тавофуқе ба даст наомадааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular