Sunday, March 22, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРусия: омодаи ҳамкориҳои зидди терроризм бо Эрон ҳастем

Русия: омодаи ҳамкориҳои зидди терроризм бо Эрон ҳастем

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳамла ба “Шоҳчароғ”-и Шерозро ба Раисӣ, ҳамтои эрониаш таслият гуфт. Ў ҳамчунин тасреҳ кард, ки Маскав омодаи густариши ҳамкорӣ бо Теҳрон дар заминаи мубориза бо терроризм аст. 

Сайти расмии Кремл навиштааст Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар телеграме ба Иброҳим Раисӣ ҳамтои эрониаш эълом карда, ки омодааст то бо Эрон барои муқобила бо таҳдидоти террористӣ ҳамкорӣ кунад. 

Путин дар паёмаш навиштааст: “моилам бар омодагии Русия барои густариши бештари ҳамкорӣ бо шарикони эрониямон дар заминаи мубориза зидди терроризм таъкид кунам.” Сайти Кремл рӯзи панҷшанбе 27 октябр матни ин паёмро мунташир кардааст. 

Путин ҳамчунин дар мавриди ҳамла ба шаҳри Шероз ва кушта шудани чандин нафар бо Иброҳим Раисӣ ибрози ҳамдардӣ карда ва ба ӯ тасалият гуфтааст. Гурӯҳи террористии ДОИШ масъулият ин ҳамларо, ки рӯзи чаҳоршанбе 26 октябр дар “Шоҳчароғ”-и Шероз анҷом шуд, бар ӯҳда гирифт. Дар асри ин ҳамла 15 нафар кушта шуданд. 

Амрико пештар аз ин мавзӯъ ибрози нигаронӣ карда буд, ки шояд Русия дар равишҳои саркӯби эътирозот дар Эрон ба Ҷумҳурии Исломӣ кумак кунад. Ҷон Кёрбӣ, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико дар ин бора гуфт: “мо медонем, ки эҳтимолан навъе ҳимоят аз Эрон барои боло бурдани тавоноӣ дар муқобила бо мӯътаризон аз сӯи Русия сурат мегирад, мутаасифона Русия дар ин замина таҷрибаи зиёде дорад.” 

Пурсиши хабарнигорон аз Ҷон Кёрби дар ин бора, ки оё ин ҳимояти эҳтимолӣ шурӯъ шуда ё ҳанӯз анҷом нашудааст, бидуни посух монд. 

Ҷумҳурии Исломии Эрон мӯътаризонеро, ки чиҳил рӯз аст дар хиёбонҳо алайҳи мақомоти ҳукумати Эрон ва асли низом шиор медиҳанд, террорист медонад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular