Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Санкт-Петербург як вакили маҳаллиро, ки дар қонунигардонии қайди будубоши муҳоҷирон гумонбар мешуд, барои як моҳ ба боздоштгоҳ фиристод. Аммо бар зидди ӯ то ҳол айб эълон нашудааст.
Дар ин бора хабаргузории иттилоъ додааст
Гумонбар дар қонунигардонии муҳоҷирон талош кардааст, аз тафтишоти пешакӣ пинҳон шавад, аммо боздошт шудааст. Вакили шаҳрии Петербургро ҳангоми фирораш дар вилояти Рязань пайдо кардаанд. Дар созмонӣ ҷиноӣ яке аз вазифаҳои ин айбдоршаванда ин будааст, ки дар бораи нақшаҳои амалиёти оперативӣ маълумот гирифта, онро ба шариконаш мерасондааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти муштараки додгоҳҳои Санкт-Петербург, муттаҳам ба сабти ғайриқонунии беш аз 100 ҳазор муҳоҷирон гумонбар дониста мешавад. Тафтишот бар ин назар аст, ки созмони ҷиноӣ аз шаш нафар иборат мебошад ва вакил яке аз онҳост. Дар хабар аз вакил ном бурда нашудааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

