Friday, March 20, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИстеҳсоли семент дар Суғд аз миллион тон гузашт

Истеҳсоли семент дар Суғд аз миллион тон гузашт

Бино бар гузориши оморӣ, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ё аз моҳи январ то сентябри соли 2022 дар вилояти Суғд 1004,9 тонна семент истеҳсол шудааст

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд  корхонаи ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Суғдсемент» дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулотро ба 415,2 миллион сомонӣ расондааст.

ҶДММ «Хуаксин Гаюр Семент», ки бузургтарин корхонаи истеҳсоли ин маводи сохтмонӣ маҳсуб мешавад, дар ин давра 933,5 ҳазор тонна семент истеҳсол кардааст.

Агар дар соли 2016 — 429 ҳазор тонна семент ба маблағи 208,8 миллион сомонӣ истеҳсол шуда бошад, дар охири соли 2021 ҳаҷми истеҳсол ба 1 миллиону 200 ҳазор тонна расид, ки аз ин ҳисоб 666,6 миллион сомонӣ ба даст оварда шудааст.

Тибқи омор дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 дар вилоят 1004,9 тонна семент истеҳсол шудааст.

Як қисми маҳсулоти истеҳсолшуда ба кишварҳои ҳамсоя низ содир шудааст.

Дар муқоиса бо моҳҳои январ-сентябри соли 2021 содироти семент аз вилоят 19,5% ё 94 ҳазору 930,0 тонна зиёд шудааст.

Қобили зикр аст, ки феълан дар Тоҷикистон 16 корхона семент истеҳсол мекунад. Иқтидори умумии солонаи онҳо 5,6 миллион тонна маҳсулот аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular