Saturday, March 21, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲукумат лоиҳаи буҷаи соли ояндаро баррасӣ кард

Ҳукумат лоиҳаи буҷаи соли ояндаро баррасӣ кард

Ҳукумати Тоҷикистон дирӯз 31 октябр лоиҳаи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва нишондиҳандаҳои пешгӯии будҷа барои солҳои 2024-2025-ро баррасӣ  ва тасдиқ кард.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳур, ҷаласаи ҳукумат таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молия дастур додааст, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои буҷет барои солҳои минбаъда маблағгузории мутамаркази асосии буҷети давлатиро барои ноил шудан ба ҳадафҳои афзалиятноки стратегии рушди кишвар, татбиқи барномаҳои рушди соҳавӣ ва минтақавӣ, сари вақт сохта ба истифода додани иншоот зиёд намояд. 

Ҳамчунин Барномаҳои қарзҳои давлатии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва дурнамои нишондиҳандаҳои онҳо барои солҳои 2023-2025 тасдиқ карда шуданд. Ҳамаи лоиҳаҳо барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ фиристода шуданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular