Wednesday, December 31, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетИстеҳсоли семент дар Тоҷикистон ба 2 млн тонна расидааст

Истеҳсоли семент дар Тоҷикистон ба 2 млн тонна расидааст

Тоҷикистон дар соли 2016 на танҳо талаботи дохилӣ ба сементро таъмин кардааст, балки муваффақ шудааст бештар аз 300 ҳазор тон ба хориҷ аз кишвар содирот кунад.

Дар ин бора вазири саноат ва технологияи нав Шавкат Бобозода дар нишасти хабариаш имрӯз, 25 январ иттило дод. Ӯ гуфт истеҳсоли семент дар соли гузашта нисбат ба соли 2015 беш аз 500 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст.

Дар ин афзоиш ҶСК “Тоҷиксемент”, корхонаҳои муштараки “Хуаксин Ғаюр семент”, “Тоҷ Чайна 2013” ҶММ “Моҳир семент” нақш гузоштаанд. Ҳамчунин афзоиши истеҳсоли ин маҳсулот дар навоҳии Ваҳдат, Бобоҷон Ғафуров ва Ёвон боис шудааст тавлиди семент дар Тоҷикистон ба 30 дарсад афзоиш ёбад.

Сементи истеҳсоли Тоҷикистон ба Афғонистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон содир шудааст. Ба истеҳсолкунандагон муяссар шудааст ба бозори Русия ҳам роҳ ёбанд. Ҳарчанд ҳаҷми содирот ба Русия ҳанӯз хеле кам аст, вазири саноат изҳори умедворӣ кард, ки дар оянда он афзоиш хоҳад ёфт.   

Мақомоти кишвар мӯътақиданд, ки соли ҷорӣ истеҳсоли семент дар Тоҷикистон ба 2,5 миллион тонна мерасад, ки ҳудуди 30 дарсади он ба хориҷ аз кишвар фурӯхта хоҳад шуд.  

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular