Saturday, March 21, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШиркати саудии Арамко дар 3 моҳ $42 млрд фоида гирифт

Ширкати саудии Арамко дар 3 моҳ $42 млрд фоида гирифт

Баландпарвозии ширкати нафти саудӣ Арамко ҳамчунон идома дорад. Ширкате, ки дар тобистони имсол ба хотири рекордшикании ҳаҷми даромади худ хабарсоз шуда буд. Ин ширкат акнун эълом карда, ки дар тайи се моҳи гузашта 42 миллиард доллар суд доштааст. 

Афзоиши пайопайи қимати энержӣ дар ҷаҳон сабаб шуда, ки баландпарвозии ширкати нафти Саудӣ — Арамко ҳамчунон идома дошта бошад. 

Ин ширкат сешанбе, 1 ноябр эълом кард, ки дар тайи семоҳаи севуми соли ҷорӣ (июл то октябр) 41,6 миллиард доллар суди холис доштааст. Ин рақам 40 дарсад бештар аз суде аст Арамко дар муддати мушобеҳ дар соли 2010 касб карда буд. 

Ин рақам дар айни ҳол дувумин маблағи калоне аст, ки Арамко дар замони вурудаш ба бозори бурс ба даст овардааст. 

Арамко дар семоҳаи дувуми соли ҷорӣ (апрел то июн) ҳаҷми даромади худро нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 беш аз 90 дарсад афзоиш дод ва бо суди беш аз 48 миллиард доллар рекордшиканӣ кард. 

Қимати нафт пас аз ҷаҳиши осмонӣ, ки дар моҳи марти имсол дошт, андаке коҳиш ёфта ва афзоиши таваррум ва ҳамчунин сиёсатҳои пулии сахтгиронаи бонкҳои марказӣ дар ҷаҳон гардиши чархаи иқтисодиро каме кунд кард, аммо буҳрони энержӣ ҳамчунон боис аст, ки бозори ширкатҳое чун Арамко пурравнақ бошад. 

Ширкатҳои Эксон Мобайл, Шелл, Тотал ва Шерон, ки аз “ғулҳои” арзаи нафт маҳсуб мешаванд низ тавонистанд дар соли ҷорӣ фурӯш ва суди худро ба мизони дархури таваҷҷуҳ боло бибаранд. 

Амин Носир, раиси ширкати Арамко ибрози хушбинӣ карда, ки тақозои нафт то соли 2030 ҳамчунон рӯ ба афзоиш бошад.  

Аз ин раванд на танҳо ин ширкати саудӣ, ки саҳмдорон он низ суд меҷӯянд. Тибқи эъломи Арамко маблағи 18,8 миллиард доллар аз суде, ки ин ширкат дар се моҳи севуми имсол ба даст оварда, байни саҳмдорон тақсим хоҳад шуд. 

Ширкати нафти Арамко дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ низ аз касби фоидаи 39,5 миллиард долларӣ хабар дода буд. 

Арамко, ки ширкати нимадавлвтӣ аст ва бузургтарин ширкати тавлидкунандаи нафт дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, дар баҳори имсол аз лиҳози арзиш сабқатро аз ширкати Эппл рубуда буд. 

Арзиши Арамко дар баҳори имсол (11 майи 2022) 2 триллиону 420 миллиард доллар эълом шуда буд. Ҳамзамон арзиши саҳоми консерни фановарии амрикоии Эппл ба 2 триллиону 370 миллиард коҳиш ёфта ва ба ин тартиб Арамко тавониста буд барои нахустинбор аз сол 2020 ба гаронарзиштарин ширкат дар ҷаҳон табдил шавад.

Арамко дар соли гузашта даромади болиғ бар 400 миллиард доллар дошта ва суди он низ 110 миллиард доллар будааст. Даромади Эппл дар ҳамин муддат 378 миллиард доллар буда, ки ҳудуди 101 миллиард доллар суд барои ин ширкат ба ҳамроҳ доштааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular