Кумитаи дифоъ аз обанбори Кампирободи Қирғизистон аз президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев хостааст, иҷрои созишнома дар бораи обанбори воқеъ дар марз бо Қирғизистонро ба таъхир андозад.
Ин кумита иддао дорад, ки бархе аз асноди бахше аз созишнома миёни ду кишвар “бо нақзи дағалонаи меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои муқарраршуда, пояҳои сиёсӣ ва дастовардҳои демократии Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расидаанд”.
Аз ҷумла гуфта мешавад, ки масъалаи моликияти ин обанбор дар Кумитаи умури байналмилалӣ, дифоъ, амният ва муҳоҷирати парлумони Қирғизистон ҳамагӣ ду бор матраҳ шудааст. Дар баробари ин мухокима дар режими пушида гузашт, ба депутатхо аз руи масъала маълумоти пурра дода нашуд.
Дар муроҷиатнома омадааст, «шаҳрвандон ҳамчун соҳиби замини худ ҳақ доранд нашри асноди байни ду президент ба имзо расидаро талаб кунанд, зеро сухан дар бораи манфиатҳои дарозмуддати ду кишвар меравад»
Онҳо аз боздоштҳои дастаҷамъии намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, сиёсатмадорон, фаъолон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар ёдовар шуданд, ки мухолифи интиқоли Кампиробод ба Узбакистон буданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10 октябр раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев гуфт, ки дар пайи созишномаи имзошуда миёни ду кишвар, Узбакистон ба Қирғизистон 19 ҳазору 699 гектар замин худро дода, 4 ҳазору 485 гектар ҳудуди обанбори Кемпир-ободро аз худ мекунад.
Мардуми норозӣ аз ин созшнома тазоҳурот барпо карданд ва даҳҳо фаъолону сиёсатмадороне, ки дар тазоҳурот ширкат карданд боздошт шуданд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

