Friday, January 2, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБоздошти марде бо иттиҳоми қатли духтари ноболиғаш

Боздошти марде бо иттиҳоми қатли духтари ноболиғаш

Кормандони милиса як мард, сокини шаҳри Душанберо ба иттиҳоми куштор боздошт кардаанд. Ин мард, Саидов Гурез Шарифовичи 66-сола дар ноҳияи Шоҳмансур духтари 11-солаи худро зада куштааст.

Аз гузориши телевизионии барномаи ҷиноии «Ахбори ВКД» бармеояд, ки ҳодиса рӯзи 28 октябр рух додааст.

Марди қотил маблағеро, ки барои харидани доруву табобат ҷамъ карда буд, наёфта, духтари 11-солааш Мадина Саидоваро ба дуздии пул муттаҳам карда, духтарашро бозпурсӣ ва то мурдан бо чӯб ва камарбанд латукуб кардааст.

Додситонии шаҳри Душанбе алайҳи Гурез Саидов  бар асоси моддаи 104 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда кушодааст. Гурез Саидов дар боздошт аст ва тафтишот идома дорад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular