Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМазҳакае аз Додситонии кулл. Қаҳрамони асосӣ —Абдулло Ғурбатӣ

Мазҳакае аз Додситонии кулл. Қаҳрамони асосӣ —Абдулло Ғурбатӣ

Марази матбуотии Додситони кулл бо нашри мазҳакае аз “ҷиноёт”-и Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони боздоштшуда “пардабардорӣ” кардааст. Аз ҷумлаи “ҷиноятҳо”-и Ғурбатӣ обуна шудан ба канали Ютубии Азда ТВ ва задани мушт ба гардани афсари пулис эълон шудааст.

Мазҳака сарлавҳае дабдабаноку прувоҳима дар услуби расонаҳои “зард” дорад: “Терроризм экстремизм ва истифодаи зуроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият!”. Бале, аломати хитоб (!) ҳам дар сарлавҳаи Додситонии кулл истифода шудааст. Зоҳиран ин ниҳод худи истифодаи калимаҳои “терроризм” ва “экстремизм”-ро барои додани воҳимаи бештар ва ҷалби диққат нокифоя медонад.

Дар ҳамин ҳол, бо вуҷуди истифодаи ин ду калимаи пурвоҳима, ҳеҷ хабаре аз “терроризм” ва “экстремизм”-и Ғурбатӣ нест. Албатта додситонӣ дар амалкардҳо, аниқтараш навиштаҳои рӯзноманигори боздоштшуда “аломатҳо”-и экстремизмро пайдо кардааст, аммо ин “аломатҳо” ҳатто дар кишварҳои истибдодие чун Тоҷикистон хандаоваранд. Шояд дар Куриёи Ҷанубӣ ҳам ба ин далеле Додситонии кулли Тоҷикистон биханданд. Дар ҳамин ҳол бо вуҷуди истифодаи калимаи терроризм дар сарлавҳа, ҳеҷ хабаре дар бораи терроризм дар парвандаи Ғурбатӣ нест. Яъне калимаи “терроризм” дар сарлавҳа ғайриқонунӣ истифода шудааст ва бояд Додситонии кулл ба ҷавобгарӣ кашида шавад.  

Ниҳоди аслии айбдоркунандаи кишвар иддао дорад, ки Ғурбатӣ “чандин матлабҳо ва мақолаҳо ошкоро ва пардапушон” (бале, пардапушон! Ҳамаи иқтибосҳо аз иттилоияи Додситонии кулл бидуни таҳрир оварда мешаванд) нашр кардааст, ки “дар он пайваста бадномсозии сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дида шуда, дар амалу кирдорҳои Ғурбатов А.У. аломатҳои фаъолияти экстремисти ҷой доранд”. Ва мисол ҳам мезанад, ки “дар яке аз мақолаҳо номбурда қайд кардааст, ки «Агар ин миллат як соҳиб медошт, Агар ин давлат як қонун медошт, Агар ин ҳуқумат як вазир медошт, ҷавони тоҷик аз тиреза поин фикандани худро аз хидмат ба ин миллату боло намедонист!!! Ва ё ҷавони тоҷикро ба ҳиллаву фиребу наёранг ба хидмати модару ватан намебурданд. Ҳоло ҳар дашноме мехоҳед ба ман бидиҳед ба «биҳишти рӯӣ заминатон бовар надорам. Ба ягон идеяи милли, ба ягон вазиру кабиру пешво бовар надорам. Ғурури милли чӣ ки худи миллат буданамон зери суоли калон рафтааст» ба ҳамин монанд Ғурбатов А.У. чандин матлабҳо ва мақолаҳо нашр кардааст”.

Дар куҷои ин навиштаи рӯзноманигор Додситонии кулл экстремизм пайдо кардааст, шарҳ намедиҳад. Аммо агар бо ин гуна суханон мешавад нафарро ба экстремизм айбдор кард, ҳади ақал ними мардуми кишварро метавон экстремист хонд. Зеро ин ҳарфҳоеянд, ки дар зиндагии рӯзмарраи мардум ва ошкоро дар ҳар идораву корхонаи давлативу кӯчаву бозорҳо истифода мешаванд. 

“Ҷиноят”-и дигари Абдуллоҳ обуна шудан ба канали ютубии “Аzda TV” будааст, ки ба қавли додситонӣ рӯзноманигор “барои амали намудани фаъолияти экстремистии худ” ин корро кардааст. Обуна шудан ба ҳеҷ расонае на дар Тоҷикистон ва на дар ҳеҷ кишвари дигаре барои рӯзноманигор ҷиноят маҳсуб намешавад, чун вазифааш инро тақозо мекунад. Ними рӯзноманигорони дунё ба расонаҳои гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДОИШ обунаанд ва то ҳол ҳеҷ касе дар ҳеҷ куҷои дунё барои ин кор ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. 

Додситонӣ Аzda TV-ро “алоқаманд ба яке иттиҳодияи дороӣ хусусияти экстремистӣ ва террористи доштаи «Паймони миллӣ», «Ҳизби наҳзати ислом» мансуб” медонад. Аммо ҳам Аzda TV ва ҳам Паймони милливу ҲНИТ ин иддаоро рад мекунанд ва худи додситонӣ ҳам ҳеҷ далеле барои ин иддаояш наовардааст. 

Аз иддаоҳои хандаовари дигари Додситонии кулли ин аст Ғурбатӣ гӯё “наворҳои паҳнамудаи онро пайгири намуда, барои рангин созии барномаҳои худ истифодабари менамудааст”. Агар Ғурбатӣ ҳеҷ як аз ин наворҳоро таблиғ накардааст (ки дақиқан накардааст) ва танҳо “барои рангинсозии” барномаҳояш истифода кардааст, пас ин истифодабарӣ аз истифодабарии Додситонии кулл, ки ҳазорҳо наворро барои “рангинсозии барномааш”, яъне ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ ва ё ба ҳайси далел истифода мебарад, чӣ фарқ дорад?

Иттиҳоми дигари додситонӣ алайҳи Ғурбатӣ ҳамла ба “намояндаи ҳокимият” аст, ки мегӯяд “дар дохили нуқтаи гузаргоҳи назоратӣ қисми навбатдорӣ ҳангоми воридшудани сардори МХМ №7 ШВКД-1 дарноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, майори милитсия Муродов Д.Ҷ.-ро дидаю дониста, ки номбурда дар вақти иҷрои вазифаи хизматӣ мебошад, суханҳои қабеҳ зада, дашном дода аз ҳисси бадбини нисбати Муродов Д.Ҷ. дар ҳузури шаҳрвандон таҳқир кардааст”. Ин ҷумлаи пур аз хатои имлоӣ (ки мисли ҳамаи ҷумлаҳои ин ниҳоди муҳими давлатӣ аст) саҳнае аз филми “Мимино”-ро ба хотир меорад. Агар ба хотири шумо наомад, ин филмро як бори дигар тамошо кунед, ҳатман он саҳнаро пайдо мекунед.

Дар идомаи мазҳакаааш, ки бо чанд сабаб бояд сабти таърих шавад, Додситонии кулл менависад “Ғурбатов А.У. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро давом дода ба суханҳои қабеҳ задааш, дашном доданаш ва таҳқири кардааш нисбати сардори МХМ№7 ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, майори милитсия Муродов Д.Ҷ., қаноат накарда дидаю дониста, ки номбурда дар вақти иҷрои вазифаи хизматӣ мебошад, дар дохили нуқтаи гузаргоҳи назоратӣ қисми навбатдорӣ ШВКД-1-и номбурда, бо истифодаи зӯровари пагони китфи чап ва чор адад тугмаи куртаи низомии Муродов Д.Ҷ.-ро канда дар ҳузури шаҳрвандон як мушт ба гарданаш задааст”.

Шояд нафароне дар кишвар вуҷуд доранд, ки ба ин афсонаи додситонӣ бовар кунанд?

Абдуллоҳи рӯзноманигор, ки бинобар тақоазои вазифааш қонунро омӯхтааст ва медонад, ки ин кор чӣ паёмаде хоҳад дошт, бо ҳамин ҷисми наҳифаш ба афсари пулис ҳамла кардаву пагони ӯро канда, гузашта аз он муште ба гарданаш задааст? Шояд майор аз он мушт чанд соат беҳуш ҳам шуда бошад?

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular