Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳоФошкориҳои вазири адлияи Тоҷикистон

Фошкориҳои вазири адлияи Тоҷикистон

Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи кишвар талвиҳан эълом кард, ки мараторияи ҳукми қатлро дар Тоҷикистон бекор кардаанд.

25—уми январи соли 2017 Вазири адлияи Тоҷикистон ҷаноби Рустам Шоҳмурод дар нишасти ҳисоботии ниҳоди зертобеаш барои соли 2016 эълом кард, ки 66 нафар аз зиндониён дар маҳбасхонаҳои кишвар вафот карданд (кушта шуданд) .

Ба гуфтаи ҷаноби вазир, 16 тан аз ин афрод ба сабаби (ба баҳонаи) «бемории сил», беморие, ки ҳикоят аз шароити бади зиндонҳо, аз табобат ва муолиҷа накардани маҳбусон ва шиканҷаи рӯҳиву ҷисмонии онҳо мекунад, фавтиданд.

Аммо 44 каси дигар аз ин қурбониёни зиндонҳои Тоҷикистон ба сабаби «амрози даруна», амрозе, ки на танҳо ҳикоят аз шароити номусоид ва ба анвоъи гуногун гирифтор кардани зиндониёнро мекунад, балки бар иловаи ин ҳама ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки аксари кулли онҳоро бо усулҳои тазриқи беморӣ дар бадан ва ғизоҳои мехӯрдаашон заҳролӯд карда куштаанд ва сипас, ҷасади беҷони онҳоро ба ворисонашон таҳвил додаанд.

Вазири адлияи Тоҷикистон, ки назорати тамоми зиндонҳои кишварро дар даст дорад, сабабҳои марги 4 нафари ин зиндониёнро ба ибораи «ҳодисаҳои ногувор» шарҳ дода, аз тафсири бештари ин ҳодисаҳо ходдорӣ кард. Аммо ҳолдонҳо дар шарҳи ин ибораи «ҳодисаҳои ногувор» мегӯянд, ки манзур аз ин ибора ҳамон шиканҷаву латукӯб ва қатлу эъдомҳои ваҳшиёна, ки пайваста тавассути зиндонбонҳои кишвар анҷом дода мешаванд,  онро дар адабиёти Вазорати адлияи Тоҷикистон бо истилоҳи «ҳодисаҳои ногувор» маънидод мекунанд.

Ҷолиб он, ки дар ин нишаст ҷаноби вазири адлияи кишвар ҷаноби Рустам Шоҳмурод бо таъкид эълом кард, ки дар соли 2016 ягон зиндонӣ худкӯшӣ накардааст, биноан фаҳмида мешавад, ки тамоми ин 64 нафар зиндонӣ бархилофи эъломи мараторияи ҳукми қатл, тавассути масъулини маҳбасхонаҳо кушта шудаанд.

Ҳабиб Абдуллоев

 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика