Имрон Хон, нахуствазири пешини Покистон бар асари расидани се гулӯла захмӣ ва ба бемористон мунтақил шудааст. Фарди муҳоҷим дастгир шуда ва эътироф кардааст ба хотири ин ки Умрон Хон “қасди гумроҳ кардани мардумро дошта” даст ба тирандозӣ задааст.
Имрон Хон, нахуствазири пешини Покистон рӯзи панҷшанбе севуми ноябр дар ҳоле, ки ҳамроҳ бо ҳаводоронаш дар як роҳпаймоии бузург ширкат карда буд, мавриди исобати се гулӯла аз ноҳияи по қарор гирифт ва ба бемористон мунтақил шуд.
Бар асоси он чи то кунун мушаххас шудааст, фард ё афроди мусаллаҳи ношинос ба худрави ҳомили нахуствазири пешин, ки дар ҳоли убур аз шаҳри Вазиробод дар Панҷоби Покистон буда тирандозӣ кардаанд.
Пулиси Покистон як марди ҷавонро дар наздикии маҳалли суиқасд ба Имрон Хон боздошт кардааст.
Видеое низ аз ин мард дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуда, ки эътироф кардааст, қасди нобудии Имрон Хонро дошта зеро ба бовари ӯ, Имрон Хон мардумро гумроҳ мекунад.
Пулиси Покистон эҳтимол додааст, афроди бештаре дар ин суиқасд дахолат доштаанд. Ин ҳамла танҳо чанд рӯз пас аз он рух дод, ки ӯ роҳпаймоии густурдае ҳамроҳ бо ҳаводоронашро аз Лоҳур маркази Иёлоти Панҷоб оғоз карда буд.
Ҳоли умумии нахуствазири пешини Покистон дар вазъияти нигаронкунандае нест. Асад Умар, яке аз мақомоти наздик ба Имрон Хон низ таъйид кардааст, ҷароҳати ӯ сатҳӣ аст аммо гуфта шуда чандин нафари дигар низ дар ин ҳодиса захмӣ шудаанд.
Аксе аз сенатор Файсал Хон аз ҳомиёни Имрон Хон низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуда, ки аз ноҳияи рӯй захмӣ шудааст.
Давлати Имрон Хон, нахуствазири Покистон дар апрели соли гузашта буд, ки пас аз баҳсу ҷадалҳои зиёд бо раъйи адами эътимоди парлумон соқит шуд.
Таҳлилгарони сиёсӣ дар замони барканории Имрон Хон бар ин назар буданд, ки ӯ ҳимояти артиши бонуфузи Покистонро аз даст додааст.
Ориф Алавӣ, раисҷумҳури Покистон талош барои террори Имрон Хонро маҳкум карда ва онро “иқдоми шанеъ ва буздилона” донистааст.
Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон низ, ки дар ҳоли ҳозир дар сафаре дар шаҳри Пекин аст, ин ҳодисаро маҳкум карда ва хостори гузориши фаврӣ аз ҷузъиёти он чи рух дода аз сӯи масъулон шудааст.
Имрон Хон аз замоне, ки дар натиҷаи раъйи адами эътимод аз нахуствазирӣ барканор шуд, муддаӣ аст, ки барканории ӯ тавассути нахуствазири кунунӣ, Шаҳбоз Шариф созмондеҳӣ шуда буд.
Хон ҳамчунин Вашингтонро масъули барканории худ медонад. Ин дар ҳолест, ки Шаҳбоз Шариф ва Амрико ин иттиҳомоти Имрон Хонро рад кардаанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

