Маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баъди семоҳаи савуми соли ҷорӣ, яъне дар 9 моҳ ба 79,3 млрд сомонӣ (беш аз $7,7 млрд.) расидааст. Тибқи додаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, ҳаҷми ММД дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 7,8% афзоиш ёфтааст.
Дар сохтори ММД қисмати асосриро маҳсулоти кишоварзӣ бо 25,5%, маҳсулоти саноатӣ бо 17,7%, гардиши савдои чакана бо 15% ташкил додаанд. Саҳми “хидматрасониҳои дигар” дар ММД 17,4% гуфта мешавад.
Тибқи додаҳои омор, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 33 млрд.у 563,6 млн. сомониро (ҳудуди $3,3 млрд.) ташкил додааст, ки рушди 7,8 дарсадиро нишон медиҳад.
Бахши саноат дар ҳаҷми 30 млрд. сомонӣ дар ММД саҳм дошта, 18% бештар аз соли гузашта гуфта мешавад.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон ба додаҳои омории мақомоти Тоҷикистон бо шубҳа менигаранд. Изованависӣ дар тамоми соҳаҳои кишвар равнақ ёфтааст, ба хусус дар бахши кишварзиву саноат. Борҳо дурӯғи мақомот дар ин робита ифшо шуда ва гоҳе худи мақомот ба он эътироф мекунанд.
Барои мисол як таҳқиқоти Паём изованависии 300 дарсадӣ дар кишту ҷамъоварии пахта нишон дода буд:
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

