Thursday, November 13, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетЭмомалӣ Раҳмон аз чи хавфи бештар дорад номбар кард

Эмомалӣ Раҳмон аз чи хавфи бештар дорад номбар кард

Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми кушодани бинои як қисми ҳарбии Вазорати корҳои дохилӣ “хатарҳои ҷиддӣ” ба кишварро номбар кард.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, шомилшавии баъзе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ ба таҳдиди ҷиддӣ табдил ёфтаанд.

Дар пайи амалиёти махсус садҳо узв ва тарафдорони гурӯҳҳои тундравро боздошт кардаанд. Ингуна огоҳкуниҳо аз хатари терроризм аз ҷониби Эмомалӣ бори аввал нест. Дар аксари баромадҳояш ҳатман раисҷумҳур ба хатари гуруҳу созмонҳои тундрав ишора мекунад. Коршиносон решаи бадномкунандаи ҳазорҳо ҷавонони тоҷик ба тундгароиву ваҳшатафканиро ҳам дар ҳамин бонгҳои хатари Эмомалӣ Раҳмон мебинанд. Садҳо ҷавонони тоҷикро мақомоти интизомӣ барои ба раисҷумҳур нишон додани фаъолияти зиддитеррористӣ ва хунсо кардани хатарҳои ҷиддии номбаркардаи Эмомалӣ Раҳмон, бо туҳмат пушти панҷараи зиндон кардаанд.  Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ борҳо Тоҷикистонро танқид кардаанд, ки бо баҳонаи мубориза бо тундгароӣ фаъолон ва дигарандешонро саркӯб мекунанд.

Аз ҷумла, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, журналистони боздоштшуда ба тундгароӣ муттаҳам мешаванд. Наздикон ва созмонҳои журналистӣ иттиҳомро алайҳи онҳо бофта медонанд.

Имсол дар пайи тазоҳурот ва нооромиҳо дар Бадахшон, даҳҳо нафар куштаву боздошт шуданд. Мақомоти интизомии Тоҷикистон онҳоро ба барангехтани нооромиҳо ва “узвият дар гурӯҳҳои ҷиноӣ” айбдор ва баъзеро ба солҳои дароз зиндонӣ карданд. Боздоштшудаҳо ва наздиконашон мегӯянд, гуноҳе накардаанд ва иттиҳомот беасос аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?