Wednesday, December 31, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚариб 50 дар сади муҳоҷирони корӣ дар Маскав тоҷикистониён будаанд

Қариб 50 дар сади муҳоҷирони корӣ дар Маскав тоҷикистониён будаанд

Дар Душанбе як маркази бисёрҷонибаи муҳоҷирати Маскав ифтитоҳ шуд, ки мутахассисони он ба сокинони Тоҷикистон дар пайдо кардани кор дар пойтахти Русия ва вилояти Маскав кумак мекунанд. Корфармоёни рус инчунин метавонанд дар интихоби коргарони эҳтимолӣ аз ин марказ кӯмак дархост кунанд.

Ин намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо идораҳои ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми маҷмӯи фаъолиятҳоро оид ба ҷустуҷӯ ва интихоби кормандони дорои малака ва тахассуси зарурӣ барои кор дар лоиҳаҳои муҳимтарини Маскав ва вилояти Маскав дар соҳаи нақлиёт, сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ ба роҳ мемонад. 

Тавре намояндаи ҳукумати Маскав Мария Багреева зимни ифтитоҳи намояндагӣ изҳор дошт, кори марказ ба рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Маскаву Душанбе мусоидат хоҳад кард. Функсияҳои намояндагӣ аз пешбурди пойгоҳи додаҳои ҷойҳои холӣ ва довталабон, ташкили мусоҳибаҳои онлайнӣ ва арзёбии салоҳияти касбии номзадҳо иборат хоҳад буд. Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар бораи қоидаҳои буду бош ва кор дар Федератсияи Русия, вижагиҳои дарёфти корти муҳоҷират ва дигар масъалаҳо машварат бигиранд.

Гуфтанист, Тоҷикистон дуввумин кишваре аст, ки Маскав бо он дар чаҳорчӯби ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони корӣ ҳамкорӣ кардааст. Соли 2021 намояндагии муҳоҷират дар Ӯзбекистон кушода шуд.

Ба гуфтаи Мария Багреева, намояндаи ҳукумати Маскав, аз 800 000 патенти меҳнатӣ, ки ҳамасола дар Маскав ва вилояти Маскав дода мешавад, нисфи он барои шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ ҳиссаи муҳоҷирони кории тоҷик 48 фоизи шумораи умумии патентҳои дар вилояти Маскав додашударо ташкил медихад. То аввали моҳи ноябри соли 2022 дар Маскав ва вилояти он беш аз 400 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба сар мебурданд, ки 80 дарсади онҳоро муҳоҷирони корӣ ташкил медоданд. Аксарияти онҳо дар сохтмонҳо кор мекунанд.

Ифтитоҳи намояндагӣ дар чаҳорчӯби ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии дуҷонибаи ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Русия ва Тоҷикистон сурат гирифт.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular