Як узви фаъоли Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон, директори муассисаи давлатии “Рекламаи беруна ва ороишии шаҳри Кулоб, Муродҷони Маҳмадуло муттаҳам ба дуздию ғорати амволи давлатӣ шуд.
Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод, ки Муродҷони Маҳмадуло дар давраи фаъолияти кориаш 184 ҳазору 39 сомониро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.
Дар гузориши Агентӣ гуфта шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳои махсуси муассиса маблағи умумии 513 ҳазору 365 сомониро ҳамчун маблағҳои зерҳисоб гирифта, аз ин маблағ 329 ҳазору 326 сомониашро барои таъмин намудани маводҳои рекламавӣ ва дигар молу ашёҳои лозима хароҷот кардааст. Маблағи боқимонда — 184 ҳазору 39 сомониро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст, ки дар натиҷа ба давлат зарари калони моддӣ расидааст.
Оид ба ҳолати мазкур нисбати Муродҷони Маҳмадуло, узви фаъоли ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, бо ин хоинияш, ӯро аз 10 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

