Wednesday, December 31, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар фурудгоҳи Сургут як тоҷикистонӣ бо 580 000 рубли беэъломия боздошт...

Дар фурудгоҳи Сургут як тоҷикистонӣ бо 580 000 рубли беэъломия боздошт шуд

Дар фурудгоҳи шаҳри Сургути Федератсияи Русия як нафар боздошт шуд, ки мехост 580 ҳазор рубли дар эъломия нишон надодаро ба Тоҷикистон барад. Дар ин бора хабаргузории маҳаллии Вестник хадамоти матбуоти хабар дод. Алайҳи мусофир парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

Дар хабар гуфта шудааст, ки кормандони гумрук аз бағоҷи дастӣ дар хатсайри Сургут-Хуҷанд 580 000 рубли бе эъломия дарёфт ва соҳиби бағочро дар долони “сабз”-и минтақаи назорати гумрукӣ боздошт кардаанд. Маблағе, ки аз муодили 10 ҳазор доллари ИМА зиёд будааст. Аз рӯи ин далел кормандони гумруки Сургут бар асоси моддаи 16.4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия парванда оғоз кардаанд.

Муодили 10 000 доллар (570 000 рубл) бо квитансия ба мусофир баргардонида шуда, боқимонда мусодира шудааст. Дар ҳоли ҳозир маводи ин парванда барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Хадамоти гумрук ёдовар шудааст, ки шаҳрвандоне, ки мехоҳанд беш аз 10 ҳазор доллар пули нақдро интиқол диҳанд, бояд маблағи мавҷударо эълом кунанд. Раёсат таъкид карда, ки ин тартиб ройгон аст. Агар мусофир қасд дошта бошад, ки маблағи беш аз 100 ҳазор долларро аз Русия берун барад, дар ин ҳолат далели пайдоиши қонунии чунин даромадро пешниҳод кардан лозим меояд. Дар ҳоли ҳозир содироти асъори хориҷӣ аз Русия ба маблағи беш аз 10 ҳазор доллар ё муодили он муваққатан манъ шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular