Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНархи арз, нафт ва тилло

Нархи арз, нафт ва тилло

Арзиши пули миллии Тоҷикистон — сомонӣ имрӯз 14 ноябр дар нисбати рубли Русия ва евро поин рафта, аммо нисбат ба доллари амрикоӣ як каме қиматаш бештар шуд.

Имрӯз сари ҳафта дар бозори асъори Тоҷикистон бо болоравии қурби доллар ва евро оғоз гардид.

Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон қурби 100 рубл феълан 16 сомониву 40 дирамро ташкил медиҳад. Охири ҳафтаи гузашта 100 рубли русӣ 16 сомониву 30 дирам қурб дошт.

Пули аврупоӣ 100 евро имрӯз бо қурби миёнаи  1052 сомониву 72 дирам муомила мешавад. Ин нишондод дар муқоиса бо охири ҳафтаи гузашта каме боло аст.

Қурби доллари амрикоӣ нисбати сомонӣ баръакс поин рафта, феълан 100 доллар дар сатҳи 1021 сомониву 17 дирам қарор дорад.

*******

Нархи тилло

Баҳои ҳар унс тилло дар муъомилоти субҳи  имрӯз  миёни бонкҳои Лондон  1764 доллару 58  сент муомила шуд.

******

Нархи нафти хом

Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар  биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 96 доллару 04 сент муъомила шуд.

Нархи миёнаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 89 доллару 00 сент муомила шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular