Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетВазорати дифоъ аз иҷрои 84%-ии нақшаи даъват ба артиш хабар дод

Вазорати дифоъ аз иҷрои 84%-ии нақшаи даъват ба артиш хабар дод

Тибқи иттилоъи Вазорати дифоъ, нақшаи даъват ба сафи артиш дар кулли кишвар ба 84 фоиз расидааст. Ҳамчунин вазорат аз иҷрои 100 дарсадии ин нақша дар пойтахт хабар додааст. 

Маъракаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, аз 1 октябр шурӯъ шуда, то охири нобяр идома мекунад.

Дар нахустин рӯзи даъват шаҳру навоҳии ВМКБ аз иҷрои пурраи нақша гузориш доданд. Чанд соли охир ин вилоят иҷрои нақшаро дар кишвар пеш аз муҳлат ва дар рӯзҳои нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба итмом мерасонад. Гуфта мешавад то ҳол ҳудуди 30 шаҳру ноҳияҳо нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро иҷро кардаанд.

Дар вилояти Хатлон ин нишондиҳанда ба 81% дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 72% ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  94%-ро ташкил додааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?