Monday, February 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРусия аз Узбекистон 10 000 коргар мегирад. Барои дӯхтани либос ба артиш?

Русия аз Узбекистон 10 000 коргар мегирад. Барои дӯхтани либос ба артиш?

Мақомоти Русия тасмим гирифтаанд, воридоти муҳоҷиронро аз Узбакистон барои кор дар саноати сабук ташкил кунанд. Қаблан шаҳрвандони Узбакистон танҳо барои кор дар сохтмонҳо ва кишоварзӣ даъват мешуданд.

Ба навиштаи нашрияи «Российская газета», Русия аз Узбекистон 10 000 коргар барои кор дар саноати сабук мебарад. Вазорати саноат ва савдо бояд феҳристи корхонаҳои саноати сабукро таҳия кунад, ки ҳаққи ҷалби муҳоҷирон аз Узбакистонро доранд.

Қайд карда мешавад, ки муҳоҷирон на фақат аз муоина ва эмгузаронии зидди коронавирус, балки аз муоинаи тиббӣ низ бояд гузаранд.

Яке аз самтҳои асосии лоиҳа интихоби мутахассисони соҳаи саноати сабук мебошад. Бархе аз коршиносон тахмин задаанд, ки бештари ин коргарон барои дӯхтани либос ба низомиёни машғули ҷанг дар Укроин ҷалб хоҳанд шуд. Ҳоло тибқи иттилоъи бархе расонаҳо либосҳо барои артиши Русия дар Кореяи Шимолӣ дӯхта мешаванд.

ТТоҷикистон ҳам бо Федератсияи Русия созишнома дар бораи ҷалби муташаккилонаи коргарон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия аз 16 апрели соли 2019 дорад, танҳо шумораи ками муҳоҷирон ҷалб мешаванд. Аксари онҳо дар ҳайати тими ҷалбшуда ба Русия мераванд ва баъдан ба далели кам будани маош ё таъхир аз корашон фирор мекунанд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular