Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетСозмони милал: Ҳинд соли оянда пурҷамъияттарин кишвари ҷаҳон мешавад

Созмони милал: Ҳинд соли оянда пурҷамъияттарин кишвари ҷаҳон мешавад

Созмони милал мегӯяд бо вуҷуди коҳиши рушди ҷамъияти Ҳинд, ин кишвар дар соли 2023 бо пеш гузаштан аз Чин, пурҷамъияттарин кишвари ҷаҳон хоҳад шуд. 

Ҳинд ҷамъияташро 1.38 миллиард тахмин зада, ки чизе камтар аз ҷамъияти 1.4 миллиардии Чин аст, ки Бонки ҷаҳонӣ эълом кардааст. 

Ҷамъияти кураи замин рӯзи сешанбе ба 8 миллиард нафар расид. 

Бар асоси гузориши Созмони милал ҷамъияти Ҳинд ва Чин, бештар аз ҷамъияти як севуми кулли ҷаҳон аст. 

Рушди солонаи ҷамъияти Ҳинд аз соли 2011 ба таври мутавассит 1.2 дарсад гуфта шудааст дар ҳоле бар асоси омори давлат ин кишвар даҳ сол пеш, рушди ҷамъияташ 1.7 дарсад будааст. 

Интизори коҳиш дар рушди ҷамъияти Ҳинд вуҷуд дошт. Бар асоси гузориши давлати Ҳинд, ки моҳи гузашта ба нашр расид, сатҳи боддорӣ дар ҳар зан дар охирин арзёбӣ аз солҳои 2019 то 2021 аз 3.4 дар соли 1992 то 1993 ба 2 таваллуд коҳиш ёфтааст. 

Давлати Ҳинд гуфтааст, ки афзоиши истифода аз пешгирӣ аз бордорӣ ва афзоиши омӯзиш дар миёни духтарон тавониста ба коҳиши сатҳи бордорӣ кумак кунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?