Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетҶумҳирохоҳон контроли Маҷлиси намояндагони Амрикоро ба даст гирифтанд

Ҷумҳирохоҳон контроли Маҷлиси намояндагони Амрикоро ба даст гирифтанд

Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико бо пирӯзи Кевин Маккорти, дар Калифорния тавонист 118 курсиро аз он худ кунад ва контроли Маҷлиси намояндагонро ба даст гирад. 

Шикасти демократҳо дар Маҷлис, раисҷмҳур Байденро дар амалӣ кардани барномаҳояш бо чолиш мувоҷеҳ хоҳад кард. 

Демократҳо муваффақ шуданд контроли Сеноро ҳифз кунанд. 

Кевин Маккорти, раҳбари Ҳизб ҷумҳурихоҳ эълом шудааст. 

Ӯ пас аз эъломи пирӯзиаш дар твитте навишт: «амрикоииҳо барои як масири нав омода ҳастанд, ва ҷумҳурихоҳон омодаи анҷоми он ҳастанд.» 

Ҷо Байден, раисҷкмҳури Амрико, ки ҳизби ӯ аксарият дар Маҷлиси намояндагонро аз даст дод, пирӯзии ҷумҳурихоҳонро табрик гуфт. 

Ненси Пелоси, раиси маҷлиси намояндагони Амрико дар баёнияе эълом кард: «демократҳо дар Маҷлиси намояндагон ба ифои нақши пешрав дар ҳимоят аз дастури кори раисҷумҳур Байден идома хоҳанд дод.» 

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҷумҳурихоҳон акнун контроли Маҷлиси намояндагонро дар даст гирифтаанд, барномаи Байден барои ду соли боқимонда аз давлаташ эҳтимолан бо чолиш рӯбарӯ хоҳад шуд. 

Маҷлис намояндагони Амрико 435 узв дорад ва ҳар ҳизбе, ки битавонад 118 курсиро ба даст оварад, раиси маҷлисро муаррифӣ мекунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?