Monday, February 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМайнӯшии якҷояи падару писар ба қатли бераҳмонаи падар тамом шуд

Майнӯшии якҷояи падару писар ба қатли бераҳмонаи падар тамом шуд

Баъди майнӯшии якҷоя бо падараш, сокини 37-солаи ноҳияи Панҷ, бо бераҳмии махсус падарашро ба қатл расоанидааст. Сойтии расмии Додситони кулли Тоҷикистон аз барои 20 сол равонаи зиндон шудани падаркуш .

Ба иттилои манбаъ, Муҳаммадҷон Исанқулови 37 сола, рӯзи 7-уми июн аз мағоза арақ меорад ва баъди нӯшидани он ҳамроҳи падар, дар ҳолати мастӣ, падараш Аваз Бӯстоновро ба қатл мерасонад.

Ҳодиса баъди он сар задааст, ки Аваз Бӯстонов баъди нӯшидани шароб бо писараш, аз ӯ хостааст ҳамсару фарзандонашро аз хонаи падарарӯсаш (хусураш) баргардонад. Дар пайи ин дархост байни писару падар баҳсу занозанӣ шурӯъ мешавад.

“Муҳаммадҷон Исанқулов бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани Аваз Бӯстонов бо болға ба cap ва рӯйи падараш якчанд маротиба зарба задааст, ки дар натиҷа ӯ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, — омаддаст дар хабари Додситонии кулли Тоҷикистон.

Аз рӯи ин ҳодиса додситони ноҳияи Панҷ нисбати Муҳаммадҷон Исанқулов бо моддаи 104 қисми 2 банди “е” парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, ӯ бо ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон барои 20 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular